“МАКТАБ БА МАКТАБ”. Бо ин усул дар МТМУ рақами 1 вохӯрӣ доир гашт

Facebook
Telegram
WhatsApp

13-уми феврал ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат бо усули «Мактаб ба мактаб» дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳр вохӯрии судманд баргузор гардид.

Дар он муовини раиси шаҳри Норак Фароғатзода Насиба, мудири шуъбаи маорифи МИҲД-и шаҳр Баротзода Субҳоналӣ ва омӯзгорону хонандагони муассисаи мазкур иштирок намуданд.

Зимни вохӯрӣ зикр гардид, дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат ҳар яки моро водор месозад, то дар корҳои ободониву созандагӣ саҳмгузор бошем, насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ тарбия намоем ва ҷашни Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назарраси меҳнатӣ истиқбол гирем.

Гуфта шуд, ки танҳо тавассути дониш, маърифат ва аз худ намудани касбу ҳунар ҷавонон метавонанд дар рушди кишвар саҳми арзанда гузоранд ва дар оянда мутахассисони варзидаи соҳаҳои гуногун гарданд.

Дар анҷом масъулин аз хонандагон даъват карданд, ки дар роҳи донишандӯзӣ бештар талош кунанд, Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллииро пос доранд ва дар оянда дар пешрафту шукуфоии Ватани азиз саҳми худро гузоранд.