“МАКТАБ БА МАКТАБ”. ИДОМАИ ВОХӮРИҲО БО ИН УСУЛ ДАР МТМУ №7

Facebook
Telegram
WhatsApp

30-юми апрел вохӯрии навбатии гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бо усули “Мактаб ба мактаб” таҳти роҳбарии муовини раиси шаҳри Норак Фароғатзода Насиба бо омӯзгорон ва волидайни хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №7-и шаҳри Норак доир шуд.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои муҳим, аз ҷумла баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, ҷалби фаъоли хонандагон ба донишандӯзӣ, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, инчунин ободонӣ ва тозагии муҳити муассисаҳои таълимӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ҷараёни мулоқот бо роҳбарият ва омӯзгорони муассиса масъалаҳои муҳими соҳаи маориф, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи дониш, тақвияти тарбияи маънавию ахлоқии хонандагон, ҷалби бештари онҳо ба омӯзиши фанҳои дақиқ ва тайёрии ҷиддӣ барои дохил шудан ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.

Зимни суханронии худ мудири шуъбаи маорифи шаҳри Баротзода Субҳоналӣ  таъкид кард, ки тарбияи насли наврас дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, худшиносӣ ва масъулиятшиносӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи омӯзгорон ва волидайн ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин, ба масъалаи ҳамкории зичи муассисаи таълимӣ бо волидайн таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, зикр шуд, ки танҳо дар ҳамбастагӣ метавон ба натиҷаҳои назаррас дар самти таълиму тарбия ноил гардид.

Илова бар ин, аҳамияти тозагиву озодагӣ, ободонии маҳал, нигоҳдории муҳити зист ва саҳми ҳар як шаҳрванди масъулиятшинос дар омодагӣ ба ҷашнҳои миллӣ махсус таъкид гардид.