Маориф

                Маориф соҳаест, ки барои бунёди ояндаи тарзи ҳаёти солими миллату давлат замина ва мояи воқеӣ мегузорад.Он яке аз соҳаҳои арзишманду фаъолиятнок буда, иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол ба мактабу маориф вобастагии бевосита дорад.

          Аввалин мактаб дар ҳудуди ҳозираи шаҳри Норак соли 1946 сохта шуда буд. Сипас дар деҳаҳои Лангар ва Туткавули кӯҳна мактабҳои ҳафтсола кушода шуданд.

          Шуъбаи маорифи мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти давлатии  шаҳри Норак  дар  тобеияти  худ  38  муассисаи  таълимӣ  ва  томактабиро  дар  бар  мегирад.

        Аз ҷумла, -муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ-20 адад;  -муассисаҳои таҳсилоти асосӣ-4 адад; -муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ-4 адад,-гимназияи давлатии №1,-литсейи давлатии «Нурбахш»,-маркази таҳсилоти иловагӣ,-маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ,-маркази рушди истеъдодҳо,-филиали мактаби №83-и ш.Ногинскии ФР, -муассисаҳои томактабӣ  -4-то: №3, 5, 6, 8. Забони таҳсил дар 37 муассисаҳои таълимӣ забони тоҷикӣ буда, як муассиса бо забони русӣ мебошад. Барои расидан ба ҳадаф дар ҷомеа нақши асосиро омӯзгори соҳибтаҷриба ва донишманд мебозад. Айни ҳол дар муассисаҳои таълимии шаҳри Норак 938 нафар омӯзгорон кор ва фаъолият намуда истодаанд, ки аз ин шумора 629 нафарашонро занон ташкил медиҳад. Аз шумораи боло зикргардида 511 нафар омӯзгорон бо таҳсилоти олӣ, 100 нафар бо маълумоти олии нопурра, 240 нафар бо таҳсили миёнаи махсуси педагогӣ, 63 нафар бо таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 24 нафар донишҷӯён дар бахши 5-уми донишгоҳҳо ғоибона таҳсил намуда истодаанд, фаъолият менамоянд.  Шумораи умумии хонандагони муассисаҳои таҳсилотии шаҳр ба 13958 нафар баробар буда, аз ин шумора 6471 нафарро духтарон дарбар мегиран.

Номгӯи  муассисаҳои   таълимӣВоҳ. ченак         Соли 2017
Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳрадад20
Шумораи Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умуми асосӣадад4
Муассисаҳои таҳсилоти  ибтидоӣадад4
Литсейи давлатӣадад1
Маркази технологияи информатсионӣ ва  коммуникатсионӣадад1
Гимназияи давлатӣадад1
Маркази таҳсилоти иловагӣадад1
Муассисаҳои томактабӣадад4
Филиали мактаби №83-и ш.Ногинскии ФРадад1
Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳоадад1
Шумораи тарбиятгирандагон дар муассисаҳои  томактабӣнафар620
Шумораи хонандагоннафар13958
Шумораи синфхонаҳоадад432
Аз ҷумла  кабинетҳои фаннӣадад62
Шумораи омӯзгороннафар922
Аз ҷумла, маълумоти олӣнафар481
миёнаи махсуснафар980
маълумоти миёнаи умумӣнафар61
Муаллимони тахассуси дараҷаи олӣнафар97
Аз ҷумла, занҳонафар40
Муаллимони тахассуси дараҷаи якумнафар241
Аз ҷумла, занҳонафар179
Муаллимони тахассуси дараҷаи дуюм      нафар184
Аз ҷумла, занҳо      нафар125
Муаллимони бедараҷаи  тахассуснафар342
Аз ҷумла, занҳонафар262
Дорои унвони «Аълочии маорифи Тоҷикистон»нафар69
Шумораи умумии омӯзгороннафар938