
26-уми августи соли 2026 дар толори Бахши фарҳанги шаҳри Норак машварати августии кормандони соҳаи маорифи шаҳр баргузор гардид, ки дар он раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим, собиқадорони соҳаи маориф, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорони фаъол, хонандагони болаёқат ва дигар кормандони соҳа иштирок намуданд.
Нахуст, иштирокдорони машварат аз намоиши дастовардҳои соҳаи маориф ва корҳои эҷодии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр дидан намуданд.
Раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим зимни суханронӣ фаъолияти соҳаи маорифро дар соли таҳсили 2025–2026 мавриди таҳлил қарор дода, таъкид намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат пайваста рушд ёфта истодааст.

Зикр гардид, ки рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, омода намудани кадрҳои соҳибмаърифат ва рақобатпазир, фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил ва дастгирии хонандагони болаёқат аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб мераванд.
Дар идомаи машварат натиҷаҳои соли таҳсили гузашта, сатҳу сифати таълим, иштироки хонандагон дар олимпиадаҳо ва озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, фаъолияти омӯзгорон, вазъи корҳои тарбиявӣ, истифодаи технологияҳои муосир дар раванди таълим ва масъалаҳои вобаста ба омодагӣ ба соли нави таҳсил мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сипас, як қатор омӯзгорони фаъол барои саҳми арзанда дар таъмини рушди соҳаи илму маориф дар шаҳр, хонандагони фаъоле, ки дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, бо дониш ва истеъдоди худ шаҳри Норакро муаррифӣ кардаанд ва як гурӯҳ собиқадорони соҳаи маориф бо сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар фарҷоми машварат масъулини соҳа вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати иҷрои вазифаҳои дар назди соҳаи маориф гузошташуда тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, дар соли таҳсили 2026–2027 барои ба даст овардани нишондиҳандаҳои боз ҳам баландтар ва тарбияи насли донишманду соҳибмаърифат тамоми имкониятҳоро истифода баранд.
Машварати августӣ дар фазои тантанавӣ ва созандагӣ баргузор гардида, иштирокчиён омодагии худро барои фаъолияти минбаъда ва саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи маориф ва тарбияи насли наврас баён намуданд.