МАШҚҲОИ МУДОФИАВӢ ВА САФАРБАРӢ ДАР ШАҲРИ НОРАК

Facebook
Telegram
WhatsApp

3-юми марти соли 2026 дар шаҳри Норак, ҷиҳати таъмини омодабошии шаҳрвандон дар ҳолатҳои марбут ба мудофиаи ҳудудӣ бо иштироки қувваю воситаҳои қисми мудофиаи ҳудудӣ ва захираи сафарбарӣ машқҳои мудофиавӣ ва сафарбарӣ баргузор гардид.

Ҳадафи баргузории чорабинӣ ба санҷиш ва таҳкими сатҳи омодагии шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта ҷиҳати пуррагардонии қисмҳои низомӣ ва ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Дар машқҳо сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон — муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Бобоҷон Саидзода, раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим, намояндагони мақомоти қудратӣ, сохторҳои дахлдор ва шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордоштаи шаҳр иштирок намуданд.

Нахуст, ҳайати расмӣ ба ҷараёни омодагии ҷузъу томҳои мудофиавии шаҳр, шароити моддию техникӣ, сатҳи таъминот ва малакаи иштирокчиён аз наздик шинос шуданд.

Зимни суҳбат бо ҳайати шахсӣ масъулин ба масъалаҳои интизоми ҳарбӣ, омодабошии доимӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,генерал-лейтенант Бобоҷон Саидзода зимни суханронии худ иброз дошт, ки ҳадафи асосии баргузории чунин машқҳо таҳкими қобилияти мудофиавии давлат, баланд бардоштани сатҳи ҳамоҳангии байни сохторҳои низомӣ ва мақомоти маҳаллӣ, инчунин омодасозии захираҳои сафарбарӣ мебошад.

Қайд гардид, ки ҳифзи марзу буми Ватан ва таъмини сулҳу суботи пойдор вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд ба шумор меравад.

Ҳамзамон, ӯ миннатдории роҳбарияти Вазорати мудофиаи кишварро ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ва падару модароне, ки фарзандони худро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ тарбия менамоянд, расонид.

Раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим зимни суханронии худ таъкид намуд, ки таъмини амнияту оромии ҷомеа ва баланд бардоштани ҳисси масъулияти шаҳрвандон дар ҳифзи Ватан аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Зикр гардид, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои низомӣ ҷиҳати тақвияти иқтидори мудофиавӣ, омодабошии захираҳои инсонӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ тадбирҳои мушаххас ва пайвастаро амалӣ менамояд.

Дар охири чорабинӣ як зумра фаъолон ва хизматчиёни намунавӣ бо рутбаҳои ҳарбӣ, ифтихорнома ва сипоснома сарфароз гардонида шуданд.

Бояд гуфт, ки баргузории чунин машқҳои мудофиавӣ ва сафарбарӣ нишонаи равшани сатҳи баланди масъулиятшиносӣ, ватандорӣ ва омодабошии шаҳрвандони шаҳри Норак буда, дар таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар ва пойдории сулҳу субот нақши муҳим мебозад.