Мақомоти иҷроия

Мақомоти иҷроия

АЗИМЗОДА  Шуҳрат  аз марти соли 2021 дар мансаби муовини якуми раиси  шаҳри Норак кор мекунад.

11 июли соли 1979 дар шаҳри Норак таваллуд шудааст. Соли  2002 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон  ба номи академик М. Осимиро (рўзона) хатм намуда, алҳол донишҷӯи бахши сеюми факултаи менеҷменти сиёсии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Фахолияти меҳнатиаш чунин аст:

Солҳои 2003-2006Муҳандиси дараљаи  1-уми  ХППАПБ-и  назди сармеъмори шаҳри Норак
Солҳои 2006-2007Меъмор, муҳандиси дараҷаи  1-уми  ХППАПБ-и  назди сармеъмори шаҳри Норак
Солҳои 2007-2008,   солҳои 2008-2009,   солҳои 2009-2012,     солҳои 2013-2014  Сардори   ХППАПБ-и  назди сармеъмори шаҳри Норак Муҳандис-заминсоз, директори корхонаи фаръии «Барқ-замин» шаҳри Норак, сармутахассиси бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии  шаҳри Норак Лоиҳакаш,  сармеъмори  КД  КВД  «Лоиҳакаш  дар  шаҳњриНорак»
Солҳои 2014-2021, аз марти соли 2021 то ҳолоМудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҷокимияти давлатии шаҳри Норак,  муовини якуми раиси шаҳри Норак

Оиладор, соҳиби панҷ фарзанд мебошад.

МАҲМАДИЗОДА Хайриддин Маҳмадӣ аз апрели соли 2022 дар мансаби муовини раиси шаҳри Норак кор мекунад.

2 августи соли 1974 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст.

Соли  2001 омўзишгоҳи тиббии шаҳри Ваҳдат, соли 2007 Донишгоҳи давлатии Қўрғонтеппа ба номи Носири Хисравро  (ғоибона)  хатм кардааст.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак буда, оиладор, соҳиби 5 фарзанд мебошад.

*Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1997-2001-    Озмоишгари мактаби тањсилоти миёнаи умумии  №33-и  ноҳияи Данғара
Солҳои 2001-2003- Мудири шуъбаи омори беморхонаи марказии шаҳри Норак
Солҳои 2003-2007-Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони шаҳри Норак
Солҳои 2007-2011-   Мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Норак
Солҳои 2011- 2013-Сардори  шуъбаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар  шаҳри Норак
Солҳои 2013-2022,   аз апрели соли 2022 то ҳолРоҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Норак, муовини раиси шаҳри Норак

ФАРОҒАТЗОДА Насиба Давлатбек аз  18  марти  соли 2025 дар  мансаби  муовини раиси  шаҳри Норак кор мекунад.

5 апрели соли 1990 дар шаҳри Норак таваллуд шудааст.

Соли 2012 Донишгоҳи давлатии омҳзгории Тоҷикистон ба номи С.Айниро (рўзона) ва соли 2021 Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 2012 -2015-Омўзгори фанни забон ва адабиёти руси муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и шаҳри Норак
Солҳои 2015- 2016Омўзгори фанни забон ва адабиёти руси муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Норак
Солҳои 2016-2025Директори гимназияи давлатии №1-и шаҳри Норак
  Соли  2025(01-03)   Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Норак
      Аз марти соли     2025 то ҳоло       Муовини раиси шаҳри Норак