МАҲАЛЛАИ “ТУТҚАВУЛ” ДАР ОЗМУНИ ВИЛОЯТИИ “МАҲАЛЛАИ БЕҲТАРИН” САЗОВОРИ ҶОЙИ ДУЮМ ГАРДИД

Facebook
Telegram
WhatsApp

Имрӯз, дар шаҳри Бохтар оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар соли 2025 ва вазифаҳо барои оянда ҷаласа доир шуд, ки дар ҷараёни он ғолибони озмуни вилоятии беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ дар вилояти Хатлон низ бо диплом ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Боиси ифтихор аст, ки дар озмуни мазкур маҳаллаи “Тутқавул”-и ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак дар номинатсияи “Маҳаллаи беҳтарин” сазовори ҷойи дуюм гардид.

Бояд гуфт, ки ин муваффақият самараи ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон, заҳматҳои шабонарӯзии роҳбарияти шаҳри Норак ва сокинони сарбаланду меҳнатқарини маҳаллаи “Тутқавул”-и ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак мебошад.

Дар воқеъ, маҳаллаи мазкур рӯз то рӯз ободу зебо гардида, имрӯзҳо ба яке аз маҳаллаҳои пешрафтаи шаҳри Норак табдил ёфтааст.