
29-уми апрели соли 2026 дар маҷлисгоҳи Беморхонаи марказии шаҳр, маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак баргузор гардид.
Дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Асозода Савлатмоҳ, муовини раиси шаҳри Норак Фароғатзода Насиба, аъзои раёсат, вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳрӣ, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва фаъолон ширкат карданд.
Дар маҷлис масъалаи ҷамъбасти натиҷаи се моҳи фаъолияти соли 2026, вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда ва масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ шуданд.
Вобаста ба масъалаи якуми рӯзнома гуфта шуд, ки ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баҳри тарғиби дастовардҳои истиқлолият ва сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат, самту соҳаҳои афзалиятнок ва ҳадафҳои олии стратегии кишвар чорабиниҳои судманду натиҷабахш доир намуданд.
Дар музокира Файзализода Сайвалӣ – раиси ТИ “Шифокорон” оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти семоҳаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шифокорон” дар соли 2026 ва вазифаҳо дар марҳилаи минбаъда баромад намуд.
Дар интиҳо, муовини раиси шаҳри Норак Фароғатзода Насиба иброз дошт, ки ҳизби мо зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама самту соҳаҳои муҳимтарини мамлакат нақши намоён ва барҷаста дошта, чун ҳамешагӣ дар ноил гардидан ба дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии кишвар саҳмгузор мебошад.
Дар кори маҷлис аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки дар асоси роҳнамоиҳои Раиси муаззами ҳизб ва барномаҳои вусъатманди он баҳри ҳалли масъалаҳои ҳамарўзаи ҳаёти мардум корбарӣ намуда, барои иҷрои саривақтӣ ва босифати масъалаҳои муҳимми ҷомеа мусоидат намоянд.
Ҳамин тариқ, вобаста ба ҳамаи масъалаҳои баррасишуда дар маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.