НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БО РИОЯИ СУННАТҲОИ МАРДУМӢ ТАҶЛИЛ ГАРДИД

Facebook
Telegram
WhatsApp

23-юми марти соли ҷорӣ дар майдони марказии шаҳри Норак ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид.

Дар он раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам, намоядаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон – раиси суди вилояти Хатлон Расулзода Нуриддин, инчунин роҳбарону намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои давлатӣ иштирок намуданд.

Майдони идона бо рамзҳои миллӣ, ороишоти наврӯзӣ, дастархонҳои ҳафтсину ҳафтшин, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти дастии ҳунармандон зинат ёфта, фазои воқеан идона ва шодмонӣ ҳукмфармо буд.

Нахуст, меҳмонон аз гӯшаҳои махсуси таомҳои миллӣ, ки бо анвои гуногуни хӯрокҳои суннатии тоҷикӣ ташкил гардида буд, шинос шуданд.

Раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим нахуст зимни суханронии худ кулли сокинони шаҳрро ба ифтихори Ҷашни Наврӯз самимона шодбош гуфта, таъкид намуд, ки Наврӯз ҳамчун мероси гаронбаҳои ниёгон на танҳо ҷашни эҳёи табиат, балки рамзи сулҳу ваҳдат, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва оғози зиндагии нав мебошад.

Зикр гардид, ки маҳз бо шарофати сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуда, имрӯз ҳамчун падидаи нодири фарҳангӣ дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ мегардад.

Гуфта шуд, ки муқаддас донистану эҳтиёт кардани табиат, поккории ҷӯйбору чашмаҳо ва тоза нигоҳ доштани дарёву обанборҳо барои мардуми бостонии мо суннати дерина ва бисёр муҳим мебошад.

Дар охири суханронии худ раиси шаҳр изҳори итминон кард, ки мардуми сарбаланди шаҳри Норак дар ҳошияи ин ҷашни муборак хонаву кошонаҳои худро тозаву озода менамоянд, ба корҳои ободонию созандагӣ дар ҳошияи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ талоши бештар мекунанд, дар талу теппаҳо ба шинонидани дарахтон ва арчаҳои ороишӣ машғул мешаванд ва дар якҷоягӣ баҳри шукуфоии шаҳр ва истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ камари ҳиммат мебанданд.

Ҳамзамон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон – раиси суди вилояти Хатлон Расулзода Нуриддин сокинони шаҳрро бо фарорасии Наврӯзи хуҷастапай самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони тоҷик сулҳу субот, рӯзгори обод ва комёбиҳои беназир орзу намуданд.

Дар идома як қатор роҳбарон, фаъолон, ҷавонони лаёқатманд ва кормандони соҳаҳои гуногун бо Сипосномаи МИҲД-и шаҳри Норак қадрдонӣ гардиданд.

Дар охир барномаи театрикунонидашудаи бахши фарҳанги шаҳр, ки аз суруду таронаҳои ҳунармандони маҳаллӣ, рақсу бозиҳои миллӣ ва саҳначаҳои ҷолиб иборат буд, хотири ҳозиринро болида намуд.