
Ҷашни муқаддаси Наврӯз, ки решаҳои он ба амиқи таърихи башарият мерасад, имрӯз ба ҳайси рамзи эҳёи табиат, покии рӯҳ ва ваҳдати инсонҳо дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад.
Ин ҷашни бостонӣ, на танҳо як маросими суннатӣ, балки таҷассумгари фарҳанги воло, ахлоқи нек ва тамаддуни ғании миллати тоҷик ба шумор меравад.
Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мероси нодири фарҳангӣ эътироф гардид.
Имрӯз Наврӯз дар кишварҳои гуногун бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил шуда, мардумонро ба ҳам меорад ва пули дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ мегардад.
Наврӯз рамзи эҳёи табиат аст. Бо фарорасии фасли баҳор, замин ҷомаи сабз ба бар карда, дарахтон гулпӯш мешаванд ва табиат ба зиндагии нав қадам мегузорад. Ин ҳама инсонро ба поксозии ботин, оғози кору ниятҳои нек ва эҳёи арзишҳои инсонӣ раҳнамун месозад. Ҳамин аст, ки Наврӯзро ҷашни умеду орзуҳо низ меноманд.
Барои мардуми Тоҷикистон Наврӯз, на танҳо як ид, балки ҷузъи ҷудонашавандаи худшиносии миллӣ мебошад. Дар ин рӯзҳо суннатҳои аҷдодӣ эҳё гардида, маросимҳои миллӣ, аз қабили оростани дастархони ҳафтсин, пухтани суманак, баргузории бозиҳои миллӣ ва зиёрату аёдати калонсолон бо шукуҳи хоса баргузор мегарданд. Ҳар як амали наврӯзӣ дорои маънои амиқи ахлоқӣ ва иҷтимоӣ буда, инсонро ба некиву саховат ҳидоят мекунад.
Маҳз тавассути Наврӯз арзишҳои олии инсонӣ, аз қабили эҳтиром ба калонсолон, ғамхорӣ ба якдигар, таҳкими дӯстӣ ва ваҳдати ҷомеа густариш меёбанд.
Боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистон ҳамчун ватани Наврӯз дар ҷаҳони муосир муаррифӣ шуда, фарҳанги миллӣ ба арсаи байналмилалӣ бароварда шудааст. Ин дастовард натиҷаи заҳматҳои пайвастаи роҳбарияти олии кишвар ва ваҳдати устувори мардуми тоҷик мебошад.
Хулоса, Наврӯз, на танҳо як ҷашни миллӣ, балки мактаби тарбияи маънавӣ, василаи таҳкими ваҳдат ва рамзи умед ба ояндаи дурахшон аст. Бигзор, ин ҷашни фархунда дар дилҳои мардум шуълаи меҳру муҳаббатро фурӯзон намуда, моро ба сӯи зиндагии ободу осуда раҳнамун созад.
Саъдулло СОБИРЗОДА, котиби масъули рӯзномаи “Нури Норак”