
Наврӯз яке аз қадимтарин ва муқаддастарин ҷашнҳои мардуми тоҷик ба шумор меравад. Ин ҷашни бостонӣ рамзи эҳёи табиат, оғози зиндагии нав, покиву созандагӣ ва дӯстиву ҳамдилии инсонҳо мебошад. Бо фарорасии фасли баҳор ва рӯзи баробаршавии шабу рӯз, Наврӯз дар қалби ҳар як инсон эҳсоси нав, умед ба ояндаи дурахшон ва орзӯи зиндагии ободу осударо бедор мекунад.
Наврӯз аз умқи ҳазорсолаҳои таърих сарчашма гирифта, бо фарҳанг, анъана ва ҷаҳонбинии мардуми тоҷик сахт пайваст мебошад. Ин ҷашни бостонӣ, на танҳо нишонаи оғози соли нави аҷдодӣ, балки рамзи эҳтиром ба табиат, меҳру муҳаббат ба зиндагӣ ва пос доштани арзишҳои инсонӣ мебошад. Дар айёми Наврӯз мардум хонаҳоро тоза мекунанд, ниҳол мешинонанд, дастархони идона меороянд ва бо дили пур аз меҳру муҳаббат якдигарро табрик мегӯянд. Ҳамаи ин анъанаҳо нишон медиҳанд, ки Наврӯз ҷашни некӣ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ аст.
Бо шарофати сиёсати фарҳангпарварона ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз мақоми ҷаҳонӣ гирифт. Ин иқдоми таърихӣ боис гардид, ки Наврӯз ҳамчун мероси фарҳангии инсоният дар саросари ҷаҳон таҷлил гардад.
Ҳамчунин Наврӯз ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият аз ҷониби ЮНЕСКО ворид карда шуд, ки ин далели равшани қадру манзалати бузурги ин ҷашни бостонӣ дар тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад. Имрӯз Наврӯз на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар даҳҳо кишварҳои ҷаҳон ҳамчун рамзи сулҳ, дӯстӣ ва ҳамзистии фарҳангҳо таҷлил карда мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки Наврӯз ҷашни худшиносии миллӣ, ваҳдат ва эҳёи суннатҳои неки аҷдодӣ мебошад. Бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти олии кишвар ҳар сол ин ҷашни фархунда бо шукуҳу шаҳомати хоса дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон таҷлил мегардад. Дар рӯзҳои Наврӯз шаҳрҳо оро ёфта, барномаҳои фарҳангӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ ва чорабиниҳои гуногуни идона баргузор мешаванд.
Наврӯз мардумро ба меҳнат, ободкорӣ ва созандагӣ ҳидоят мекунад. Баҳор, ки фасли эҳёи табиат аст, инсонҳоро низ ба амалҳои нек, дӯстӣ ва эҳтироми якдигар даъват менамояд. Аз ин рӯ, Наврӯз танҳо як ҷашни анъанавӣ нест, балки мактаби бузурги ахлоқ, инсонпарварӣ ва фарҳанг мебошад.
Имрӯз мардуми Тоҷикистон бо эҳсоси ифтихор аз таърихи пурғановати худ Наврӯзро ҳамчун рамзи ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва пешрафти кишвар таҷлил менамоянд. Ин ҷашни муқаддас мардумро ба муттаҳидӣ, меҳру муҳаббат ва эҳтироми арзишҳои миллӣ раҳнамун месозад.
Бигзор, Наврӯзи фархунда ҳар сол ба ҳар як хонадони тоҷик файзу баракат, сулҳу осоиштагӣ ва саодати зиндагӣ оварад. Чуноне ки ниёгони мо гуфтаанд, Наврӯз паёми зиндагии нав, умеди тоза ва фардои дурахшон аст.
Насиба ФАРОҒАТЗОДА,
муовини раиси шаҳри Норак