
8-уми майи соли 2026 бо ташаббуси Вазорати фарҳанги кишвар дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак дар саҳни бинои бахши фарҳанги шаҳр намоиши фурӯши китобҳои гуногун баргузор гардид, ки дар он раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим иштирок намуд.
Ҳадаф аз баргузории намоиш тарғибу ташвиқи фарҳанги китобхонӣ, баланд бардоштани маърифати маънавии ҷомеа, ҷалби наврасону ҷавонон ба мутолиаи китоб ва эҳтиром ба мероси гаронбаҳои илмиву адабии миллат мебошад.
Дар намоиш китобҳои тозанашри бадеӣ, илмӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва адабиёти бачагона пешниҳоди сокинон гардонида шуда, дӯстдорони китоб имкон пайдо намуданд, ки китобҳои мавриди ниёзи худро дастрас намоянд.
Раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим зимни суҳбат бо иштирокчиён ва масъулини соҳа таъкид намуд, ки китоб ҳамчун сарчашмаи дониш ва маърифат дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, худшиносии миллӣ ва рушди маънавии ҷомеа нақши муҳим дорад.
Ҳамчунин, зикр гардид, ки таваҷҷуҳи бештар ба китобхонӣ, бахусус миёни ҷавонон, метавонад дар пешгирии падидаҳои номатлуб ва баланд гардидани сатҳи маърифати ҷомеа мусоидат намояд.
Дар чорабинӣ намояндагони соҳаи фарҳанг, маориф, фаъолони ҷомеа, ҷавонону наврасон ва сокинони шаҳр фаъолона иштирок намуда, аз баргузории чунин иқдомҳои фарҳангӣ истиқболи гарм карданд.