
Имрӯз, 7-уми июли соли 2026, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак таҳти раёсати раиси шаҳр Мирзозода Иброҳим маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Норак дар нимсолаи аввали соли 2026 баргузор гардид.
Дар он муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рачабзода Ҳотамшоҳ, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, муовини якуми раиси Суди вилояти Хатлон Аҳёзода Шамсулло, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим ҷаласаро ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки дар шашмоҳаи соли ҷорӣ сокинону фаъолони шаҳр тавонистанд бо натиҷаҳои назаррас рушди иҷтимоию иқтисодиро таъмин намоянд. Зикр гардид, ки ҳамаи ин дастовардҳо дар заминаи иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд.
Сипас, муовини раиси шаҳри Норак Маҳмадизода Хайриддин оид ба нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоию иқтисодӣ ҳисобот дод.
Дар фарҷоми маҷлис раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим Холмурод аз роҳбарони сохторҳо ва роҳбарони корхонаю муассисаҳои шаҳр талаб намуд, ки ҷиҳати истифодаи самараноки захираҳо, таъмини иҷрои нақшаҳои андоз, рушди соҳаҳои иқтисодӣ, ҷалби сармоя, пешгирии ҷинояткорӣ, баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон ва омодагии сазовор ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
Таъкид гардид, ки танҳо бо истифодаи пурраи имкониятҳо ва меҳнати содиқона метавон ба рушди устувори иҷтимоию иқтисодии шаҳр ноил гардид.