
3-юми феврали соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак, нишасти матбуотии раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим бо иштироки васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма доир шуд.
Сараввал, раиси шаҳри Норак ба аҳли эҷод барои ҳамкории мутақобилан судманд бо МИҲД-и шаҳр, дастгирии сиёсати давлатӣ, тарғибу ташвиқи арзишҳои миллию давлатдорӣ ва муаррифии дастовардҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар соли 2025 миннатдорӣ баён кард.
Дар идома раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим Холмурод доир ба муҳимтарин нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар соли 2025 гузориш дод. Дар охир изҳори итминон карда шуд, ки кинони фарҳангдӯсти шаҳр бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри иҷрои ҳадафҳои пешгирифта дар самти корҳои ободонию созандагии диёри биҳиштосоямон содиқона саъю талош хоҳанд варзид.
Пас аз гузориши муфассал раиси шаҳри Норак ба саволҳои рӯзноманигорон ҷавобҳои мушаххас дод.
Ёдовар мешавем, ки нишасти мазкур ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 4-уми марти соли 2005, таҳти №АП-1677, “Дар бораи ташкил ва баргузории нишастҳои матбуотӣ дар мақомотҳои давлатӣ” ва нақшаи тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баргузор шуд.