
31-уми июли соли 2026 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак нишасти матбуотии раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим бо иштироки васеи намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ баргузор гардид.
Зимни нишаст раиси шаҳр оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Норак дар шаш моҳи аввали соли 2026 ва дурнамои фаъолияти минбаъда ба таври муфассал маълумот пешниҳод намуд.
Дар идома раиси шаҳри Норак Иброҳим Мирзозода ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма вобаста ба масъалаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоию иқтисодии шаҳр, аз ҷумла рафти иҷрои барномаҳои давлатӣ, бунёди иншооти ҷашнӣ, рушди инфрасохтор, хизматрасониҳои коммуналӣ, дастгирии соҳибкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии иҷтимоӣ ҷавобҳои мушаххас дод.
Дар фарҷоми нишасти матбуотӣ раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим Холмурод таъкид намуд, ки сокинони сарбаланди шаҳри Норак таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ барои татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар, таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва вусъати корҳои ободониву созандагӣ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ саъю кӯшиши бештар ба харҷ дода, дар истиқболи ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастовардҳои арзанда саҳми муносиб хоҳанд гузошт.
Ёдовар мешавем, ки нишасти мазкур бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 15-уми сентябри соли 2011, №АП–1729 «Дар бораи ташкил ва баргузории нишастҳои матбуотӣ дар мақомоти давлатӣ» ва тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон доир гардид.