
Дар ҳошияи ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак дар шаҳр маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.
Иқдоми мазкур бо ташаббуси Муассисаи давлатии “Хоҷагии ҷангали шаҳри Норак” ва иштироки кормандони ташкилоту муассисаҳо, фаъолон ва сокинони маҳаллӣ дар шакли ҳашари дастаҷамъона роҳандозӣ шуд.
Дар рафти он ниҳолҳо дар талу теппаҳо, канори роҳҳо ва дигар мавзеъҳои барои кабудизоркунӣ муайяншуда шинонида шуданд.
Бояд гуфт, ки иқдоми мазкур на танҳо ба хуррамгардонии муҳити шаҳр равона шудааст, балки барои баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи дӯстдорӣ ба табиат ва таҳкими ҳисси масъулиятшиносӣ нисбат ба муҳити зист аҳаммияти муҳим дорад.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳудуди шаҳр то ин дам беш аз 12 ҳазор бех ниҳоли сояафкан шинонида шуда, қисми назарраси онҳо, аз ҷумла ниҳолҳои ҳамешасабз низ ҷой дода шуданд. Ҳамзамон дар минтақаҳои гуногуни шаҳр 7 ҳазор бех ниҳоли мевадиҳанда шинонида шуда, дар шафати роҳҳои мошингард ва шоҳроҳҳо зиёда аз 1 ҳазору 150 бех ниҳол шинонида шуд, ки ба зебоиву кабудизоркунии симои шаҳр ҳусни тоза зам менамояд.
Масъулон зимни маърака изҳор доштанд, ки чунин маъракаҳои дастаҷамъона минбаъд низ идома ёфта, нигоҳубину парвариши ниҳолҳои шинонидашуда зери назорати доимӣ қарор дода мешавад, то онҳо ба дарахтони пурбору сояафкан табдил ёфта, ба зебоии шаҳри Норак ҳусни тоза бахшанд.
Тазаккур бояд дод, иқдоми мазкур имрӯзҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр корҳои бунёдкорӣ, ниҳолшинонӣ ва сабзкорӣ вусъати тоза касб намудааст.