
Ҳамдиёрони азиз!
Сокинони сарбаланди шаҳри Норак!
9-уми сентябри соли ҷорӣ аз соҳибистиқлолии кишвари азизамон – Тоҷикистони биҳиштосо 35 сол пур мешавад.
35 сол муқаддам, халқи бузургвори мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби давлати миллӣ гардид ва бо кӯшишу талош ва заҳматҳои ҳамешагии ин абармарди олами сиёсат имрӯз ба яке аз давлатҳои пешрафта ва ташаббускор дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон табдил ёфтааст.
Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид мекунанд: “Истиқлол муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандӯстӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад. Истиқлоли давлатӣ, инчунин ҳувияти миллии мардуми тоҷикро ба зинаи комилан нав бардошт ва барои тақвияту густариш пайдо кардани ваҳдати тамоми сокинони Тоҷикистон заминаи пойдор фароҳам овард”.
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Воқеан ҳам, таърихи ташаккули ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ҷавҳари ҳастӣ ва рушду такомули ҳар як миллат аз фарзандони фарзонаю ҷонфидои он вобаста аст. Дар ин замина, бо ифтихори бузург ва саодату иқболи баланд модари тоҷик дар тамоми давраҳои таърихӣ фарзандони фарзонаеро ба дунё овардааст, ки ҳастӣ ва рушду камоли миллати худро устувору ҷовидонӣ намудаанд.
Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ миллати сарбаланди мо пас аз фосилаи тӯлонии таърихӣ масъулияти пешбурди давлату давлатдории худро бар дўш гирифт. Фазои сиёсию мафкуравии солҳои аввали соҳибистиқлолӣ хеле гуногун ва инъикоскунандаи манфиатҳои гурўҳҳои мухталифи сиёсӣ буд, ки ҳар кадом ба сари қудрат омадан мехостанд.
Манфиатҷўӣ ва манфиатхоҳии ин гурўҳҳои сиёсӣ боиси хисороти бузурги ҷонию моддӣ ва маънавӣ гардид, ки дар натиҷа дар кишвар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оғоз шуд. Дар ин давра миллату давлатро ҳисси ноумедиву нокомӣ ва дилшикастагию ҳасрат фаро гирифта буд. Ҳазорон нафар тарки Ватан карда, дар кишварҳои ҳамсоя паноҳ ҷўстанд. Ҳазорон хонаҳои ободу зебо валангор ва несту нобуд гардида, шаҳрвандон бе манзили зист монданд. Хушбахтона, чун давраҳои дигари таърихӣ дар ин давра низ масъулияти ватандорию ватансозии миллати моро фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба уҳдаи худ гирифтанд ва бо ҷасурию матонат, хираду дурандешӣ, ҳисси баланди хештаншиносӣ ба майдони сиёсат ворид гардида, бо суханронии нахустини худ дар дили сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз љумла љавонон шўълаи умедро ба фардои рўзгори хуш барафрухтанд.
Вобаста ба ин, мактаби роҳбарӣ ва сиёсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо – намунаи беҳтарини давлатдорию давлатсозӣ аст, ки омўзишу пайравӣ намудан ба он қарзи имону виҷдон ва вазифаи муқаддасу аввалиндараҷа мебошад.
Сокинони сарбаланди шаҳри Норак!
Табиист, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ симои кишвар ва тамоми минтаҳои дуру наздики мамлакат ба куллӣ дигаргун шуда, дар тамоми манотиқ корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъат ёфта, иншооти муҳими иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Дар баробари дигар шаҳру навоҳӣ дар шаҳри нурофарини Норак низ дар ин давра иншооти муҳим ба истифода дода шуд, ки намои шаҳрро ба куллӣ дигаргун карданд ва боиси ифтихору сарфарозии мардуми шаҳри Норак гардиданд.
Дар баробари ин, сокинон низ ба ифтихори ин ҷашни бузурги миллӣ даст ба корҳои созандагӣ зада, дар маҳаллу назди хонаҳои худ корҳои бузурги созадагиро анҷом доданд ва ба ин васила саҳми худро дар таҷлили шоистаи ин ҷашни миллӣ гузоштанд. Аз ҷумла дар шаҳри Норак ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 180 иншоот ба нақша гирифта шуда буд, ки аз ин теъдод 200-тои он ба истифода дода шуд, ки 110%-и нақшаро ташкил медиҳад.
Ҳамдиёрони азиз!
Мусаллам аст, ки бузургони миллати тоҷик дар тӯли таърих ба тамаддуни башарӣ хизматҳои арзанда кардаанд ва дар рушду такомули он саҳми арзанда гузоштаанд.
Аз ҷониби ниёгони мо ғояҳои инсондӯстӣ, башардӯстӣ, таълимоти ахлоқӣ, ки барои ба ҳам омадану муттаҳид шудани мардум заруранд, хеле зиёд пешниҳод гардидаанд. Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам идомаи анъанаҳои фарҳангиест, ки Сарвари давлат онҳоро рӯйи кор оварда истодаанд.
Яъне, мушкилоти як миллати дигар миллати тоҷикро ҳам ором намегузорад. Мушкилии як миллат мушкилии башарият тасаввур мегардад. Ин гуна бархӯрд ва ин гуна муносибат дидгоҳи башардӯстона мебошад. Чунин мавқеъгириҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон обрӯи миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ боло мебарад ва миллати тоҷикро тавре муаррифӣ месозад, ки он нисбат ба тақдири дигарон бетараф нест.
Маҳз ҳамин ташаббусҳо буд, ки имрӯз миллати тоҷикро на танҳо бо ташаббусҳои байналмилалӣ, балки бо фарҳанги бою ғаниаш ҳам мешиносанд.
Ҳамаи ин ташаббусҳо дар замони соҳибистиқлолӣ имконпазир шуд. Биёед, иқрор кунем, замоне ки мо истиқлол надоштем, ин корҳоро карда наметавонистем. Аммо танҳо истиқлоли давлатӣ буд, ки ба мо имкон дод, миллатро дар ҷаҳон муаррифӣ кунем, мавқеи миллатро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мустаҳкам созем ва барои ҳимояи манфиатҳои миллии кишвар, амалӣ сохтани ормонҳои миллӣ, бахусус барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷонибае, ки бар пояи манофеи тарафайн ба роҳ монда шудааст, шароити хуб фароҳам оварем.
Пас, биёед, ба қадри ин ҳама заҳмату талошҳо ва ҷоннисориҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кардаанд ва барои мову Шумо чунин шароиту имкониятҳоро дар масири истиқлолу озодӣ намудаанд, бирасем ва бузургтарин неъмат – Истиқлолро бо тамоми ҳастӣ чун гавҳараки чашм муҳофизат намоем. Бигзор, Хуршеди Истиқлоли озодӣ ҳамеша дар фазои Тоҷикистони соҳибистиқлол нурпошӣ кунад.
35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамдиёрони азиз!