
Оила ҳамчун муқаддастарин ниҳоди иҷтимоӣ дар ташаккули ҷомеаи солим, тарбияи инсони комил ва пешрафти давлат нақши сарнавиштсоз дорад.
Маҳз дар муҳити оила инсон ба камол мерасад, ахлоқу маърифат меомӯзад, эҳтироми падару модар, ватандӯстӣ, инсонгароӣ ва дигар арзишҳои волоро дарк менамояд. Аз ҳамин ҷост, ки оиларо мактаби аввалини ҳаёт ва асоси устувории ҷомеа меноманд. Ҷомеаи пешрафта аз оилаҳои солим ва бофарҳанг иборат аст. Агар дар оила муҳити дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтирому садоқат ҳукмфармо бошад, фарзандон низ бо рӯҳияи ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ба воя мерасанд.
Оилаи солим, на танҳо дар тарбияи фарзанд, балки дар рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлат саҳми арзанда мегузорад. Зеро фарзандони имрӯз соҳибони фардои давлат мебошанд. Дар шароити имрӯза, ки ҷаҳони муосир бо таҳдиду хатарҳои гуногун рӯ ба рӯ гардидааст, ҳифзи арзишҳои оилавӣ ва тарбияи дурусти фарзандон аҳамияти бештар пайдо кардааст. Бегонапарастӣ, таъсири фарҳангҳои номуносиб, истифодаи нодурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ва коста гардидани муносибатҳои оилавӣ метавонад ба ахлоқу маънавиёти ҷомеа таъсири манфӣ расонад. Аз ин рӯ, ҳар як падару модар вазифадор аст, ки фарзандонро дар руҳияи ифтихори миллӣ, эҳтиром ба забон, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ тарбия намояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба масъалаи таҳкими оила, тарбияи насли наврас ва баланд бардоштани масъулияти падару модар таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Пешвои миллат дар баромадҳои худ пайваста таъкид мекунанд, ки оила рукни асосии давлат ва ҷомеа буда, солимии ҷомеа аз солимии оила сарчашма мегирад.
Бо ташаббус ва роҳнамоии Пешвои миллат дар мамлакат як қатор санадҳои муҳим қабул гардиданд, ки ба ҳифзи ҳуқуқи оила, беҳтар намудани шароити зиндагӣ, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва тарбияи дурусти фарзандон равона шудаанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” аз ҷумлаи чунин иқдомҳои муҳим мебошад, ки барои баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон заминаи мусоид фароҳам овард.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки агар мо хоҳем ҷомеаи пешрафта ва давлати неруманд бунёд намоем, бояд пеш аз ҳама ба тарбияи фарзандон ва таҳкими оила диққати ҷиддӣ диҳем. Зеро маҳз ҷавонони соҳибмаърифат, ватандӯст ва худогоҳ ояндаи миллатро месозанд. Инчунин, Пешвои миллат нақши зан-модарро дар таҳкими оила хеле баланд арзёбӣ намуда, ӯро чароғи хонадон ва тарбиятгари асосии ҷомеа мешуморанд.
Оилаи солим оилаест, ки дар он меҳру муҳаббат, эҳтироми ҳамдигар, фарҳанги муошират, масъулиятшиносӣ ва тарбияи хуби фарзандон ҷой дорад. Дар чунин муҳит фарзандон бо ахлоқи ҳамида, дониш ва ҷаҳонбинии васеъ ба камол мерасанд. Маҳз ҳамин гуна ҷавонон метавонанд дар рушду пешрафти Ватан саҳми арзанда гузоранд.
Имрӯз ҳар як шаҳрвандро зарур аст, ки барои таҳкими пояҳои оила, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва тарбияи шоистаи фарзандон кӯшиш намояд. Зеро оилаи солим на танҳо бақои миллат, балки кафили суботу оромӣ ва пешрафти ҷомеа мебошад.
Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ки оила сарчашмаи меҳру муҳаббат, мактаби инсондӯстӣ ва омили муҳими пешрафти давлат аст. Ҳифзи муқаддасоти оилавӣ, эҳтироми падару модар ва тарбияи дурусти фарзандон вазифаи муқаддаси ҳар як инсон ба шумор меравад. Танҳо бо оилаи солим метавон ҷомеаи пешрафта, давлати обод ва насли солиму созандаро тарбия намуд.
Насиба ФАРОҒАТЗОДА, муовини раиси шаҳри Норак