
2-октябри соли 2026 дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Норак бо иштироки муовини раиси шаҳри Норак Фароғатзода Насиба чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи касбии омӯзгорон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак, кормандони соҳаи маориф, омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳр, собиқадорони соҳа ва дигар фаъолон иштирок намуданд.
Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки забони давлатӣ ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ва омили таҳкими худшиносии миллӣ дар ҳаёти ҷомеа нақши бузург дорад. Ҳамзамон, омӯзгорон дар тарбия ва ба камол расонидани насли наврас, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, ташаккули ҷаҳонбинӣ ва ҳисси ватандӯстиву хештаншиносии хонандагон нақши калидӣ доранд.
Дар идомаи чорабинӣ барои саҳми арзанда дар таъмини рушди соҳаи илму маориф дар шаҳр, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ба роҳ мондани тарбияи дурусти насли наврас, омодасозӣ ва иштироки фаъолонаи хонандагон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, тарбия ва таҳкими ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ дар замири онҳо, инчунин иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва ободонию созандагӣ як зумра омӯзгорони фаъол, кормандони соҳаи маориф ва собиқадорони соҳа бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи фарҳангии омоданамудаи Бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак, ки фарогири суруду таронаҳои ватандӯстона, рақсу мусиқӣ ва дигар барномаҳои фарҳангӣ буд, пешкаши ҳозирин гардид.