
Забон пояи асосии миллат ва воситаи интиқоли дониш, фарҳанг ва арзишҳои маънавӣ мебошад. Омӯзгор шахсе мебошад, ки ин забон ва донишро ба наслҳои оянда мерасонад. Гиромидошти забон ва омӯзгор дар як рӯз тасдиқи он аст, ки миллат бе забон ва бе муаллим наметавонад рушд кунад ва ояндаи пойдор дошта бошад.
Дар ҷомеаи муосир нақши омӯзгор ва забони модарӣ дар рушди маърифат, фарҳанг ва сиёсат бениҳоят бузург аст. Омӯзгорон чун неруи эҷодии ҷомеа на танҳо дониши назариявӣ меомӯзонанд, балки ҷаҳонбинии ҷавононро ташаккул дода, арзишҳои инсониро дар шуури онҳо бедор месозанд. Забони модарӣ воситаи асосии ҳифзи асолати миллӣ ва мероси фарҳангӣ мебошад.
Дар яке аз суханрониҳо Сарвари давлат иброз намуданд, ки «забон рукни асосии миллат ва давлат аст. Миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд. Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст. Ин аст, ки забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд». Пуштибонӣ аз забон ва поку беолоиш нигоҳ доштани он на танҳо вазифаи миллату давлат, балки вазифаи муқаддаси ҳар фарди хирадманд ва худогоҳи тоҷик мебошад.
Таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба соҳаи маориф бештар буда, ҳамасола барои баланд бардоштани мавқеи омӯзгор дар ҷомеа тамоми имконият истифода мешавад. Ҳадаф аз таваҷҷуҳи хоссаи давлат ва Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳаи илму маориф он аст, ки сифати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баланд бардошта, насли ояндасози мамлакат бо фаро гирифтани илму дониши муосир барои рушди минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии Ватан, пешрафти давлат ва ҳифзи марзу буми сарзамини аҷдодӣ омода гардад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки миллат дар сурати арҷ гузоштан ба хидматҳои омӯзгор ва саҳмгузорӣ дар самти рушд додани пешаи омӯзгорӣ ба камол мерасад. Яъне, наметавонем бо сарфи назар кардан ва нодида гирифтани заҳматҳои омӯзгорон пояи давлатро устувору бегазанд нигоҳ дорем ва соҳибистиқлолии худро ҳифз кунем. Ин аст он сухане, ки бардошти худро дар боло бо ироаи чанд ҷумла баён доштем: “Эҳтироми омӯзгор аз тарафи ҳар як фард эҳтироми худ, эҳтироми миллат ва эҳтироми ҷомеа аст”.
Забони тоҷикӣ решаҳои амиқи таърихӣ ва фарҳангӣ дошта, зиёда аз ҳазор сол аст, ки ҳамчун забони адабию илмӣ ва воситаи ифодаи андеша ва эҳсосоти тоҷикон хизмат мекунад. Аз замони асрҳои миёна то имрӯз тавассути осори ноби адибони барҷастае, чун Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Хайём, Саноӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва минбаъд тавассути адибони замони нав ва муосир забони тоҷикӣ ҳамчун ганҷи пурбаҳои маънавӣ нигоҳ дошта шуд. Он танҳо воситаи гуфтор нест, балки рамзи ҳувияти миллӣ, муттаҳидсозандаи тамоми табақаҳои ҷомеа ва оинаи таърихи чандинсолаи мардуми тоҷик мебошад.
Халқи тоҷик забони худро ниҳоят дӯст медорад ва ба он ҳамеша арҷ мегузорад. Бояд гуфт, ки новобаста аз фишори чандинкаратаи аҷнабиён ин забон завол наёфта, баръакс асолати таърихии худро нигоҳ дошт. Маҳз тавассути ҳамин забон халқи тоҷик ҳастии худро ҳифз намуд. Тавре ки устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ гуфтааст:
Забони модарӣ, эй ҳастии ҷон,
Туӣ пайванди ман бо асли инсон.
Туӣ меҳри Ватан, фахри тамаддун,
Туӣ бар ман зи ниёгон нишон.
Ҳамеша дар адабиёти гузаштаву имрӯзи омӯзгорон нурбахшандаи рӯзгор ба қалам дода шудаанд. Пешаи омӯзгорӣ низ чун фаъолияти шарафмандона ва зиндагисоз васф гаштааст. Пешвои муаззами миллати мо, ки ҳамеша пайрави чунин гуфторҳои бузургворонаи бузургонамон будааст ва аз адабиёт огоҳ аст, зарфиятҳои омӯзгоронро дар самти ҳамаҷониба рушд додани кишвар ва таҳким бахшидани соҳибистиқлолии мамлакат арзишманд арзёбӣ мекунанд. Маҳз омӯзгорон – машъалафрӯзони ҷомеа қодиранд, ки имрӯзу фардои диёрро бо нури маърифат мунаввар созанд ва дар рушду тараққиёти давлату миллат ҳиссаи сазовор гузоранд.
Соли 2009 бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» забони тоҷикӣ рамзи истиқлол ва давлатдории миллӣ эътироф гардид ва дар ҳамон сол 5 октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ расман амалӣ карда шуд. Ин иқдом қадами муҳим дар роҳи ҳифз ва густариши истифодаи дурусти забони тоҷикӣ ба шумор мерафт, зеро дар шароити ҷаҳонишавӣ забонҳо зуд зери таъсири забонҳои хориҷӣ қарор мегиранд ва хатари гум шудани хусусияти миллӣ афзоиш меёбад. Аз ҳамин лиҳоз ташвиқ ва тарғиби истифодаи дурусти забони тоҷикӣ, арҷгузорӣ ба меъёрҳои забони адабӣ ва эҳтиром ба мероси хаттӣ яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеа мебошад. Ҳамзамон бояд иброз дошт, ки солҳои охир дар Тоҷикистон барои дастгирии забони тоҷикӣ ва баланд бардоштани сатҳи маориф тадбирҳои муҳим андешида мешаванд. Аз қабили таҳияи китобҳои дарсӣ ва адабиёти илмию методӣ ба забони давлатӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои омӯзгорон, боло бурдани музди меҳнат ва таъсиси стипендияҳои иловагӣ барои донишҷӯёни соҳаи омӯзгорӣ. Ин ҳама нишон медиҳад, ки давлат ба рушди ин ду соҳаи муҳими ҳаётӣ — забон ва маориф аҳамияти ҷиддӣ медиҳад.
Набояд фаромӯш кард, ки забонро омӯзгорон зинда медоранд. Онҳоянд, ки аз насл ба насл забон меомӯзонанд, эҳё мекунанд ва дар дили кӯдакону наврасон эҳтирому муҳаббатро нисбат ба он бедор месозанд. Аз ин рӯ, таҷлили якҷояи Рӯзи забон ва Рӯзи омӯзгорон на танҳо рамзӣ, балки хеле мантиқист. Забон бе омӯзгор паҳн намешавад ва омӯзгор низ бе забон наметавонад маърифатро интиқол диҳад. Онҳо ду сутуни ҳамзист ва ҳамраҳ ҳастанд. Раиси
Асозода Савлатмоҳ Сайфулло, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак