ОҒОЗИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МАКТАБИ НАВИ ДЕҲАИ ХОҶАБДОЛОН

Facebook
Telegram
WhatsApp

5-уми май раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим Холмурод ба корҳои сохтмонии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳаи Хоҷабдолони ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳри Норак оғоз бахшид.

Тибқи иттилои масъулин, муассисаи мазкур аз 2 ошёна иборат буда, барои 400 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Иншооти таълимӣ бо дарназардошти талаботи муосир бунёд гардида, фарогири синфхонаҳои барҳаво, утоқҳои фаннӣ, толори варзишӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ аст, ки барои баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия заминаи мусоид фароҳам меорад.

Раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим таъкид намуд, ки бунёди чунин муассисаҳои таълимӣ дар доираи ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегарданд.

Раиси шаҳр ба масъулин ҷиҳати иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ, риояи муҳлат ва истифодаи масолеҳи босифат дастуру супоришҳои мушаххас дода, таъкид намуд, ки иншоот бояд дар муҳлати муқарраршуда бо сифати баланд мавриди истифода қарор дода шавад.