ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ШАҲРИ НОРАК

Facebook
Telegram
WhatsApp

10-уми январ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси шаҳри Норак Иброҳим Мирзозода ба маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳр оғоз бахшид.

Иқдоми мазкур тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норакба роҳандозӣ шуда, ба баланд бардоштани сатҳи сабзкорӣ, беҳтар намудани вазъи экологии шаҳр, зебо гардонидани кӯчаву хиёбонҳо ва татбиқи сиёсати давлатии ҳифзи муҳити зист равона гардидааст.

Зимни суҳбат раиси шаҳр бо иштирокчиён иброз дошт, ки корҳои ниҳолшинонӣ бояд бо масъулияти баланд анҷом дода шуда, нигоҳубини минбаъдаи онҳо таъмин гардад. Ёдовар мешавем, ки маъракаи мазкур дар шаҳри Норак идома ёфта, дар тамоми маҳаллаҳо ва муассисаҳо корҳои ободониву кабудизоркунӣ ба роҳ монда мешавад.