
7-уми сентябри соли 2026 дар шаҳри Норак ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон паради ҳарбӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии тантанавӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам Пираҳмад, раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим Холмурод, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, фаъолони шаҳр ва дигар намояндагони сохторҳои давлатӣ иштирок намуданд.
Дар оғоз ҳайати иштирокчиёни паради ҳарбӣ бо тартибу низоми хосса саф ороста, омодагии баланди касбӣ, интизоми ҳарбӣ ва садоқати худро ба Ватан — Тоҷикистон нишон доданд. Ҳузури низомиён ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин чорабинии муҳими давлатӣ бори дигар аз нақши муҳимми онҳо дар таъмини амнияту субот, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳимояи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ шаҳодат медиҳад.

Зимни парад Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи соҳибдавлатӣ, истиқлолу озодӣ ва ваҳдати миллӣ бо эҳтироми хосса таҷлил гардида, дар чеҳраи иштирокчиён эҳсоси ифтихор аз Ватани соҳибистиқлол ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ эҳсос мешуд.
Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати созанда ва дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, бунёди иншооти муҳими давлатӣ, беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум ва баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд.
Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сипари боэътимоди давлат ва кафили ҳифзи марзу буми кишвар бо ҳисси баланди масъулият вазифаи муқаддаси хешро иҷро намуда, барои ҳифзи сулҳу субот ва амнияти давлату миллат омода мебошанд.
Қобили зикр аст, ки шаҳри Норак дар солҳои соҳибистиқлолӣ низ дар раванди созандагиву ободонӣ ва рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар саҳми арзанда гузошта, бо ташаббусҳои созанда, меҳнати содиқонаи сокинон ва татбиқи барномаҳои давлатӣ симои худро рӯз ба рӯз дигаргун менамояд.
Паради ҳарбӣ дар шаҳри Норак дар фазои тантанавӣ баргузор гардида, баёнгари рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, садоқат ба давлату миллат, эҳтиром ба Истиқлоли давлатӣ ва ҷонибдории сокинон аз сиёсати сулҳҷӯёнаву созандаи роҳбарияти кишвар мебошад.
Таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари арҷгузорӣ ба дастовардҳои сеюним даҳсолаи соҳибистиқлолӣ, моро водор месозад, ки бо ҳисси баланди масъулият барои таҳкими сулҳу субот, ҳифзи ваҳдати миллӣ, ободии Ватан ва пешрафти минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро гузорем.