Паёми Пешвои миллат – раҳнамо ба зиндагии босаодат

Facebook
Telegram
WhatsApp

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки муайянкунандаи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ҳамасола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад, ки мардум онро бесаброна интизорӣ мекашанд ва бо як ҳисси баланди ватандорию ватандӯстӣ дастаҷамъона аз ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ тариқи пахши мустаким тамошо ва гӯш мекунанд. Дар Паём ҳадафҳо ва масъалаҳое вазифагузорӣ мешаванд, ки дар рушди устувори давлат, пеш аз ҳама, ба сатҳ ва сифати зиндагии шоистаи мардум нигаронида мешавад.

Дар маҷмӯъ, Паём вазъи мураккаби ҷаҳон ва минтақа, вазъи иқтисодӣ, тағйирёбии иқлим, хавфҳои глобалӣ ба сифати мавзуъҳои ҳушдордиҳанда ва тадбирандешии сиёсати устувори ояндадор баррасӣ мегарданд.

Дар Паёми имсола имконияту дастовардҳо ва мушкилоти воқеии миллӣ, аз ҷумла, иқтисод, саноат, энергетика, кишоварзӣ, маориф ва илм, тандурустӣ, рақамикунонӣ ва амнияту суботи миллӣ баррасӣ шуданд, ки мардуми кишварро боз ҳам ба саодати рӯзгор даъват менамояд.

Паёми Пешвои муаззами миллат барои мардум роҳнамо ва ҳуҷҷати тақдирсозест, ки ба ҳар як соҳибватан муждаи созандаи давлату миллати шарафманди тоҷик дар арсаи байналмилалӣ медиҳад ва шаҳрвандони кишвар аз паёмҳои ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шоду масрур ҳастанд.

Пешвои миллат зимни баргузории Паёми навбатии хеш қайд карданд: ” Соли 2025 барои мардуми шарифи Точикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид.”

Дар воқеъ, дар назди таърих ва сарнавишти тоҷикон соли 2025 пур аз дастовардҳо, комёбиҳо ва соли созандагиву бунёдкорӣ буд, ки мондагор гардид.

Ҳамчунон Пешвои муаззаму маҳбуби миллат роҷеъ ба рӯйдодҳои муҳими иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангии ба амаломадаи соли 2025 ёдовар шуданд. Роҳбари давлат қайд намуданд: ” Пеш аз ҳама мо шукронаи суботи сиёсӣ намоем, ба қадри Ваҳдату Истиқлояти кишвари азизамон расем, Ватани маҳбубамонро дӯст дорем ва барои насли наврас як Ватани ободу зебо ба мерос гузорем.”

Бояд қайд намуд, ки дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, тақвият бахшидан ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва дур будан аз бегонапарастию зоҳирпарастӣ, роҳ надодан ба ҳуруфотпарастӣ, риояи либоси миллию тоҷикона, поку беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ, огоҳӣ аз таъриху фарҳанги оламшумули тоҷикон низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд, ки риояи он ҳар як фарди ватанрарварро зарур ва ҳатмӣ мебошад. Дар интиҳо бо боварии комил метавон гуфт, ки бо ташаббусҳои созандагиву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва азму иродаи қавии мардуми тоҷик мо ба ҳама ҳадафҳои олии худ, аз ҷумла дастовардҳои навини иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангӣ хоҳем расид.

Асозода САВЛАТМОҲ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак