
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо як суханронӣ нест, балки садои виҷдон, масъулият ва умеди миллат мебошад. Ин Паём оинаи орзуҳои халқ, роҳнамои имрӯз ва кафили фардои дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.
Ҳар як нуктаи Паём моро ба худогоҳӣ, ваҳдат, меҳнати содиқона ва ба бунёдкориву ободӣ даъват мекунад. Пешвои миллат бо сухани пурэҳсос ва андешаи амиқ таъкид менамоянд, ки танҳо бо дониш тарбия ва маърифат метавон давлати обод ва ҷомеаи пешрафта бунёд кард. Аз ин рӯ, маориф ва тарбияи насли наврас ҳамчун рисолати муқаддас ва сарнавиштсоз арзёбӣ мегардад.
Соли 2026 ҳамчун соли “Вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” рамзи умед, талош ва масъулияти нав барои ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Ин даъват ба ҳар як дил аст, ки дар роҳи созандагӣ саҳм бигирад, Ватанро дӯст дорад ва барои пешрафти он бетараф набошад.
Дар Паёми худ Пешвои муаззами миллат қайд намуданд, ки: “Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаи ҳаётан муҳим таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа зоҳир менамоям. Зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад. Ба ибораи дигар, ман дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаи муҳиму тақдирсозро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат мешуморам.”
Давра ба давра баланд гардидани маоши кормандони соҳаи маориф аз муносибати самимии Роҳбари давлат ва ба омӯзгор эҳтироми зиёд доштанашон далолат менамояд. Дар ироаи Паёмашон Пешвои миллат дарҷ намуданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2026 маоши вазифавии омӯзгорон ва кормандони маориф, аз ҷумла таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз зиёд карда шавад.
Ҳамин тариқ, Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бозгӯи марҳилаи нави рушди давлатдории миллӣ ва дурнамои равшани ояндаи кишвар мебошад. Агар Паёми имсоларо ба соли гузашта муқоиса намоем, барало эҳсос мегардад, ки он аз лиҳози мазмун фарогирӣ ва равшаннамои масъалаҳои муҳим хеле ва мукаммалтар гардидааст.
Паёми Пешвои миллат Паёми дил ба дил аст. Паёми ваҳдат, худшиносӣ ва ояндасозӣ. Тоҷикистон бо иттиҳод, имон ва меҳнати фарзандонаш обод хоҳад шуд.
Баротзода С.Б.-
мудири маорифи шаҳри Норак