ПЕШГИРИИ ОМИЛҲОИ КОРРУПСИОНӢ МАСЪУЛИЯТ МЕХОҲАД

Facebook
Telegram
WhatsApp

7-уми июли соли 2026, дар асоси нақшаи чорабиниҳои муштараки Агентии давлатии назорати молиявӣ ва муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки кормандони ташкилоту муассисаҳо, роҳбарони сохторҳои давлатӣ ва фаъолони шаҳр вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур муовини раиси шаҳри Норак Фароғатзода Насиба, сарнозири шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии давлатии назорати молиявӣ ва муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар, подполковники адлия Олимзода Мансур Абдухолиқ ва нозири ҳамин шуъба, подполковники адлия Файзилизода Шаҳбоз Сайдулло иштирок намуда, вобаста ба масъалаҳои муҳими пешгирии коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон суханронӣ карданд.

Зимни баромадҳо қайд гардид, ки коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, таҳкими қонуният, таъмини адолати иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии ҷомеа ба ҳисоб рафта, мубориза бо он яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Таъкид карда шуд, ки бо дастуру ҳидоятҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъалаи муқовимат ба коррупсия ҳамеша зери таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумат қарор дошта, баҳри пешгирӣ, ошкор ва бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ такмил ёфта, тадбирҳои муассири ташкилӣ ва ҳуқуқӣ амалӣ карда мешаванд.

Баромадкунандагон ҳамзамон ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия барои давраи то соли 2030 ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, иброз доштанд, ки танҳо тавассути риояи қатъии қонунгузорӣ, шаффофият дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва ташаккули фарҳанги зиддикоррупсионӣ метавон сатҳи зуҳуроти коррупсиониро коҳиш дод.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба пешгирии бархӯрди манфиатҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии хизматчиёни давлатӣ, риояи одоби хизматӣ, тақвияти интизоми меҳнат, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва пешгирии ҳама гуна амалҳои ғайриқонунӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар анҷоми вохӯрӣ миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, ба саволҳои пешниҳодшуда аз ҷониби намояндагони Агентӣ ҷавобҳои мушаххас дода шуданд. Таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳои маърифатӣ дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, тақвияти фарҳанги зиддикоррупсионӣ ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ нақши муҳим дошта, барои ташаккули ҷомеаи солим, шаффоф ва қонунмеҳвар мусоидат менамояд.