РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАФТИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ДАР ШАҲРИ НОРАК ШИНОС ШУД

Facebook
Telegram
WhatsApp

15-уми апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Норак бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар як қатор иншооти ҷашнӣ аз наздик шинос гардид.

Дар ин бора дар гурӯҳи расмии Хадамоти матбуоти Раиси вилоят дар “Фейсбук” хабар доданд.

Зимни боздид Раиси вилоятро раиси шаҳри Норак Иброҳим Мирзозода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Ҳамгоми шиносоӣ аз гармхонаҳо, ҳамчунин бо вазъи соҳаи кишоварзӣ шинос шуда, ба фаъолияти кишоварзон баҳои мусбат доданд.

Қайд гардид, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти муҳими иҷтимоӣ ва иқтисодӣ бо суръати баланд идома дошта, барои бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муқарраргардида ба истифода додани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Масъулин таъкид намуданд, ки иншооти бунёдшаванда ба беҳтар гардидани шароити зиндагии сокинон ва рушди инфрасохтори шаҳр мусоидат намуда, дар ободонии маҳал нақши муҳим мегузоранд.