
18-уми август, бахшида ба Рӯзи касбии кормандони соҳаи тиб раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим ба дидорбинии собиқадорони соҳаи тандурустӣ Шодибекова Моирамо ва Қаюмова Хайриниссо рафт.
Бояд гуфт, ки Шодибекова Моирамо 72 сол дошта, беш аз 24 соли умри худро ба фаъолияти соҳаи тандурустӣ бахшидааст. Ӯ дар тӯли солҳои фаъолияти меҳнатӣ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, меҳнатдӯстӣ ва садоқат ба касби интихобнамудааш ба мардум хизмат намуда, дар пешбурди соҳаи тандурустӣ саҳми арзанда гузоштааст.

Қаюмова Хайриниссо бошад, 66-сола буда, 37 соли умри пурбаракати худро ба фаъолияти меҳнатӣ дар соҳаи тандурустӣ бахшидааст. Солҳои тӯлонии фаъолияти ӯ намунаи садоқат ба касб, масъулиятшиносӣ ва хизмати софдилона ба мардум мебошад. Меҳнати чандинсолаи чунин шахсиятҳо дар рушди соҳаи тандурустӣ ва беҳдошти саломатии аҳолӣ саҳми арзанда дорад.
Зимни дидорбинӣ раиси шаҳр Мирзозода Иброҳим онҳоро ба муносибати Рӯзи касбии кормандони соҳаи тиб самимона табрик намуда, барои солҳои тӯлонии фаъолияти содиқона ва хизмати шоистаашон дар соҳаи тандурустӣ изҳори сипос кард.
Таъкид гардид, ки қадрдонӣ ва дастгирии собиқадорони меҳнат, ки солҳои умри худро барои хизмат ба мардум бахшидаанд, яке аз самтҳои муҳими таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Дар навбати худ собиқадорон барои таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуда, чунин муносибати самимӣ ва эҳтиром ба собиқадорони меҳнатро нишонаи арҷгузорӣ ба хизматҳои чандинсолаи онҳо арзёбӣ кард.