
11-уми август раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим ба раванди корҳои сохтмонии бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳаи Хоҷабдолони ҷамоати деҳоти Дӯконии шаҳри Норак шинос шуд.
Тибқи иттилои масъулин, муассисаи мазкур аз 2 ошёна иборат буда, барои 400 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Айни замон корҳои хиштчинӣ дар он бомаром идома доранд.
Иншооти таълимӣ бо дарназардошти талаботи муосир бунёд гардида, фарогири синфхонаҳои барҳаво, утоқҳои фаннӣ, толори варзишӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ аст, ки барои баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия заминаи мусоид фароҳам меорад.
Зимни шиносоӣ раиси шаҳр ба масъулин ҷиҳати иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ, риояи муҳлат ва истифодаи масолеҳи босифат дастуру супоришҳои мушаххас дода, таъкид намуд, ки иншоот бояд дар муҳлати муқарраршуда бо сифати баланд мавриди истифода қарор дода шавад.