РАИСИ ШАҲРИ НОРАК БО КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ МУЛОҚОТ НАМУД

Facebook
Telegram
WhatsApp

10-уми марти соли ҷорӣ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак вохӯрии кории раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим бо кормандони шуъбаи маорифи шаҳр баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои муҳими рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, беҳтар намудани шароити таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим дар суханронии худ таъкид намуд, ки соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бо дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, даҳҳо муассисаҳои таълимии нав бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуданд, шароити таълиму тарбия дар муассисаҳо беҳтар гардида, имкониятҳои фарогири таҳсил барои хонандагон фароҳам оварда шудааст.

Ҳамзамон қайд гардид, ки дастгириҳои Пешвои миллат дар самти баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор, мустаҳкам намудани заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи насли ояндасоз нақши муҳим доранд.

Раиси шаҳр, ҳамзамон ба масъулини соҳаи маориф ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим, истифодаи самараноки усулҳои муосири таълим, тарбияи хонандагон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар охир таъкид гардид, ки кормандони соҳаи маориф бояд бо масъулияти баланд ва ҳисси ифтихори миллӣ дар тарбияи насли наврас саҳми арзандаи худро гузошта, барои пешрафту рушди ҷомеа ва давлат талош намоянд.