ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА САМЪИ СОКИНОНИ ДЕҲАИ НАВДЕ РАСОНИДА ШУД

Facebook
Telegram
WhatsApp

30-юми апрели соли 2026 дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати наздикӣ бо мардум, баррасии саривақтии муроҷиатҳои шаҳрвандон, ҳаллу фасли масъалаҳои ҷойдоштаи маҳал ва даъвати аҳолӣ ба корҳои ободониву бунёдкорӣ раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим бо сокинони деҳаи Навдеи ҷамоати деҳоти Дӯконии шаҳри Норак вохӯрӣ намуд.

Раиси шаҳр зимни суханронии хеш оид ба амалӣ намудани нақшаву барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ ибрози назар кард.

Дар вохӯри масъалаҳои баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, истифодабарии самараноки қувваи барқ, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», «Дар бораи масъулияти волидайн дар тарбияи кӯдак», «Дар бораи танзим ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», дуруст истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон, пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон, пешгирии зӯроварӣ дар оила, ҳурмату эҳтироми фарзандон нисбат ба падару модар, пешгирии ҳодисаҳои номатлуби экстремизм ва терроризм, баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ баррасӣ шуданд.

Дар охир аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки корҳои созандагиро аз хонаву дари худ шурӯъ намоянд ва ба ин васила саҳми худро борои вусъат додани корҳои созандагиву ободкорӣ баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни бузурги миллӣ 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоранд.