
28-уми апрели соли 2026 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориашон ба шаҳри Норак ва мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим бо раванди корҳои сохтмонии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳаи навбунёди Ҷовидони Ҷамоати деҳоти Дӯконии шаҳри Норак шинос шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки муассисаи таълимӣ бо шароити муосир бунёд гардида, аз 2 ошёна иборат мебошад. Муассисаи мазкур барои 340 ҷойи нишаст дар ду баст ба нақша гирифта шуда, дар ояндаи наздик ба истифода дода мешавад.Фармоишгари он Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон буда, корҳои сохтмониро ҶДММ “Нури Норак” иҷро менамояд.
Ҳангоми шиносоӣ раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим ба масъулин ҷиҳати саривақт ва дар муҳлати муқарраршуда ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ ва риояи талоботи муосири шаҳрсозӣ ҳангоми бунёди муассисаи таълимӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Тазаккур бояд дод, ки дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир бунёду сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, ба истифода додани муассисаҳои таълимии типи нав дар тамоми қаламрави кишвар, аз ҷумла дар шаҳри Норак вусъат ёфта, заминаҳои мазкур ба баланд гардидани сатҳу сифати таълим дар кишвар мусоидат намудааст.
