
Мирзозода Иброҳим Холмурод 22 июни соли1983 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Соли 2005 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айниро (рӯзона) бо ихтисоси “Ҳуқуқшинос-равоншинос” ва соли 2019 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро (ғоибона) бо ихтисоси “Иқтисодиёт ва идоракунӣ” хатм кардааст.
Мавсуф солҳои 2000-2005 ҳамчун мутахассиси Идораи кор бо ҷавонони эҷодкор, донишҷўён ва хонандагони Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон, соли 2006 (06-12) мутахассиси Идораи кор бо ҷавонони эҷодкор, донишҷўён ва хонандагони Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикстон, соли 2006 (06-12) мутахассиси пешбари шуъбаи тарбияи ватанпарастӣ ва кор бо толибилмони Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикстон, солҳои 2006-2007- мутахассиси пешбари Бахши тарбияи ватанпарастӣ ва кор бо толибилмони Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2007-2012 сармутахассиси шуъбаи сиёсати иҷтимоии Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 13.02.2012 то 14.09.2012 мудири бахши тарбияи ватанпарастӣ ва кор бо толибилмони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 14.09.2012 то 10.12.2014 сармутахассиси Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёњии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2014 – 2017 муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа кардааст.
Ҳамчунин, Мирзозода Иброҳим Холмурод аз 25.01.2017 то 26.05.2017 ба ҳайси сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, аз 26.05.2017 то 07.04.2020 сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе фаъолияти пурсамар намудааст.
Номбурда аз 07.04.2020 то 07.01.2025 дар мансаби раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе фаъолият карда, аз 07.01.2025 то 19.03.2025 иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Норак ва аз 19 марти соли 2025 Раиси шаҳри Норак мебошад.
Мавсуф, инчунин унвонҷўи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар мавзўи «Нақши сиёсати кадрӣ дар баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рисолаи номзадӣ карда истодааст.
Ӯ, инчунин вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ва шаҳри Норак аст ва аз 31 марти соли 2006 аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07 августи соли 2018, №1080 бо медали “Хизмати шоиста” ва аз 29 октябри соли 2020, №0151 бо Ифтихорномаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мукофонида шудааст.
Оиладор, соҳиби се фарзанд мебошад.