РОҲПАЙМОИИ ИДОНА БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Facebook
Telegram
WhatsApp

Субҳи имрӯз дар маркази шаҳри Норак ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии идонаи осоиштаи беш аз 10 ҳазор корманди касбу кори гуногуни шаҳр баргузор гардид.

Дар роҳпаймоии идона роҳбарияти шаҳри Норак, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони сохтору ташкилотҳои шаҳр, кормандони соҳаҳои гуногун, ҷавонону варзишгарон, фаъолони ҷомеа ва сокинони шарафманди шаҳр иштирок намуданд.

Иштирокчиёни роҳпаймоӣ бо ҳисси баланди ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва ифтихор аз соҳибистиқлолии кишвар дар кӯчаҳои марказии шаҳр ҳаракат намуда, муҳаббату садоқати худро ба Ватан ва арзишҳои муқаддаси давлатдорӣ ифода карданд.

Бояд гуфт, Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон неъмати бузург ва заминаи асосии пешрафту рушди кишвар ба ҳисоб рафта, маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ бо роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъат пайдо намуданд.Роҳпаймоии идона дар шаҳри Норак бозгӯи рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, ваҳдату якдилӣ ва ҷонибдории сокинон аз сиёсати созандаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Воқеан ҳам, Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои ҳар як сокини шаҳри Норак фурсати муносибест, то аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ифтихор намуда, бо ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ дар ободиву пешрафти Ватани азиз саҳм гузорад.