РОҲПАЙМОИИ 6000 НАФАР БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ

Facebook
Telegram
WhatsApp

23-юми майи соли ҷорӣ дар шаҳри Норак бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол роҳпаймоии идона баргузор гардид.

Дар роҳпаймоӣ раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони корхонаву муассисаҳо, ҷавонон ва варзишгарони шаҳри Норак фаъолона иштирок намуданд.

Зимни баргузории чорабинӣ иштирокчиён бо рӯҳияи баланди ватандӯстиву ифтихори миллӣ аз кӯчаҳои марказии шаҳр гузашта, ваҳдату ҳамдилӣ ва дастгирии сиёсати давлатии ҷавононро ифода намуданд.

Қобили зикр аст, ки дар роҳпаймоии идона зиёда аз 6000 нафар ҷавон иштирок намуда, чорабинӣ дар фазои тантанавӣ ва руҳияи идона баргузор гардид.

Раиси шаҳри Норак иштирокчиён ва ҷавонону варзишгаронро ба муносибати ин санаи муҳим табрик намуда, иброз дошт, ки рушди соҳаи варзиш, махсусан футбол, яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии ҷавонон ба шумор меравад.

Пас аз суханронии раиси шаҳр ҷавонон ва наврасони варзишгар маҳорати варзишӣ ва раванди тамринҳои худро ба ҳозирин пешкаш намуда, маҳорати хуби футболбозии худро намоиш доданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба кӯдакон ва наврасон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.