
6-уми ноябри соли 2025 дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Норак бахшида ба ҷашни 31-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Неъматзода Маликшо, муовини якуми раиси шаҳри Норак Азимзода Шуҳрат, муовинони раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони ташкилоту идораҳо, муассисаҳои таълимӣ, фаъолон, ҷавонон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Неъматзода Маликшо зимни суханронии худ оид ба саҳми таърихии Пешвои миллат дар таҳия, қабули Конститутсия ва татбиқи амалии он ёдовар шуда, нақши ин санади олиро дар таҳкими давлатдории миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон муҳим арзёбӣ намуд.
Дар идомаи чорабиини як қатор кормандони соҳаҳои гуногун барои саҳми арзанда дар рушди ҷомеа, таъмини волоияти қонун, фаъолиятҳои созанда ва тарбияи насли наврас бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак қадрдонӣ гардиданд.
Дар қисми фарҳангии чорабинӣ барномаи рангини консертӣ бо сурудҳои ватандӯстона ва рақсу шеърҳои ифтихоромуз аз ҷониби ҳунармандон ва наврасони шаҳр манзури иштирокчиён гардонида шуд.