РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН: Дар шаҳри Норак ба ин муносибат чорабинии идона доир шуд

Facebook
Telegram
WhatsApp

22-юми майи соли ҷорӣ дар қасри фарҳанги шаҳри Норак бахшида Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Нахуст, раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим ҷавононро ба ифтихори ин рӯзи фархунда табрик гуфта, қайд намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир барои муҳайё намудани шароитҳои мусоид баҳри ҷавонон аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад.

Гуфта шуд, ки ҷавононро ҳамчун нери бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд, аз ин рӯ, ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавонон самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумат мебошад.

Ҳамчунин раиси шаҳр ҳангоми суханорнӣ таъкид намуд, ки ҷавонон дар ободу зебо нигоҳ доштани кишвар ва ба наслҳои баъдӣ ба мерос гузоштани мулки мутамаддину пешрафта масъулияти бузург доранд.

Дар идома ҷавонони фаъол ва варзишгароне, ки дар мусоибақаҳои сатҳи вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дастовардҳои назаррас доштанд, бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак сафароз гардонида шуданд.

Дар охир барномаи фарҳангии идона, иборат аз суруду таронаҳои ватандӯстона манзури иштирокчиён гардид.