РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИ ШАҲРИ НОРАК ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Facebook
Telegram
WhatsApp

11-уми июли июли соли 2026 дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Норак бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор гардид.

Ҳадафи асосии баргузории Рӯзҳои фарҳангӣ муаррифии имкониятҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, фарҳанги ғанӣ, ҳунарҳои мардумӣ, анъанаҳои миллӣ ва иқтидори истеҳсоливу сайёҳии шаҳри Норак буда, он ҳамчун рамзи таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши робитаҳои фарҳангии байни шаҳру ноҳияҳои кишвар арзёбӣ гардид.

Дар ҳамоиши бошукӯҳ муовини Раиси шаҳри Душанбе Саломзода Раҳмиддин Салом, муовини якуми Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшоҳ Неъматзода, муовини Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Ҳотамшоҳ, раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Сафарзода Дилшод, раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим Холмурод, инчунин намояндагони вазорату идораҳо, фаъолони ҷомеа, аҳли фарҳанг, меҳмонон ва сокинони пойтахт иштирок намуданд.

Меҳмонон зимни боздид аз саҳни намоишгоҳ бо дастовардҳои назарраси шаҳри Норак дар даврони соҳибистиқлолӣ, маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ, имкониятҳои истеҳсолии корхонаҳои шаҳр, маҳсулоти коркарди ватанӣ, ҳунарҳои мардумӣ, намунаҳои чакандӯзӣ, гулдӯзӣ, кандакорӣ, заргарӣ, бофандагӣ, маҳсулоти қаннодӣ ва дигар намунаҳои ҳунари миллӣ аз наздик шинос гардиданд.

Ҳамзамон, дар гӯшаҳои намоишгоҳ таърихи пурифтихори шаҳри энергетикҳо – Норак, имкониятҳои сайёҳӣ, иқтидори иқтисодӣ ва дастовардҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва дигар бахшҳои муҳими иҷтимоӣ муаррифӣ гардида, мавриди таваҷҷуҳи меҳмонон қарор гирифт.

Зимни суханронӣ масъулин аз сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки баргузории чунин рӯзҳои фарҳангӣ барои таҳкими ваҳдати миллӣ, густариши ҳамкориҳои байниминтақавӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги миллӣ ва тарбияи эҳсоси ватандӯстиву худшиносии миллӣ аҳаммияти бузург дорад.

Қайд гардид, ки шаҳри Норак имрӯз дар баробари мавқеи муҳими худ ҳамчун маркази энергетикии мамлакат, инчунин дар самти рушди фарҳанг, ҳифзи арзишҳои миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

Дар идомаи чорабинӣ барои ҳамкориҳои самаранок, саҳми арзанда дар баргузории Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Норак ва ташкили намоиши сатҳи баланд ба муовини Раиси шаҳри Душанбе, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ва маъмурияти Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Бахши фарҳангии чорабинӣ бо барномаи ҷолиби консертӣ оғоз гардида, ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳри Норак, овозхонҳои шинохта, гурӯҳҳои рақсӣ ва ҳаваскорони санъат бо иҷрои таронаҳои ватандӯстона, сурудҳои миллӣ ва рақсҳои дилнишин хотири ҳозиринро болида гардонида, фазои идона ва рӯҳияи баланди миллӣ ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшиданд.

Ёдовар мешавем, ки баргузории Рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе тибқи «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоишҳо, идҳо, озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 2-юми январи соли 2026 тасдиқ гардидааст, дар моҳҳои июн–августи соли равон баргузор шуда, ба муаррифии имкониятҳои шаҳру ноҳияҳо, таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди фарҳанги миллӣ мусоидат менамояд.