
Ҳамдиёрони азиз!
Сокинони сарбаланди шаҳри Норак!
24-уми ноябр аз қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таърихӣ мебошад,
33 сол сипарӣ мешавад. 33 сол муқаддам, 24-уми ноябри соли 1992 Парчами давлатӣ ҳамчун нахустин рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дар Иҷлосияи 16-уми сарнавиштсози Шурои Олии кишвар қабул шуд.
Аз ин хотир, ин падида барои мардуми шарифи кишвар, бахусус сокинони сарбаланди шаҳри Норак пайки неку хуҷаста ва фардонамо дорад.
Табиист, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак дар баробари дигар мақомоту идораҳои давлатӣ ҳамеша баҳри пос доштани муқаддасоти миллӣ дар арафаи ҷашнҳои мубораку муқаддасамон тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд ва бо ин васила дар тарбия намудани наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ саҳми худро мегузорад. Аз ҷумла, иқдоми идонаи “Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистони азиз!” ва чорабиниии бошукӯҳи имрӯзаро дар Қасри фарҳанги шаҳр ба ифтихори ин рӯзи хуҷаста ва фархунда метавон идомаи мантиқии ин арҷгузориҳо маънидод кард.
Ҳамватанони азиз!
Таърих гувоҳ аст, ки Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таърихӣ мебошад.
Гузаштагони мо давоми ҳазорсолаҳо таҳти парчами хеш саф кашида, тамомияти арзӣ, ҳувияти миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, нангу номус ва забону фарҳанги худро ҳимоя кардаанд. Яъне, Парчами давлатӣ барои мо як пора матои одӣ набуда, балки дар он даъват ба муттаҳидӣ, ваҳдат, ғайрату номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳимояи марзу бум ва саъю талош барои эъмори ҷомеаи мардумсолорӣ таҷассум ёфтааст.
Мояи ифтихори ҳар яки мост, ки имрӯз дар қатори дигар кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол дар назди бинои ин созмони бонуфузи байналмилалӣ парафшон мебошад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳои табрикотии хеш ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ таъкид кардаанд «Мо таҳти ҳамин Парчам ба ваҳдати миллӣ расидем. Дар зери ҳамин рамзи муқаддаси миллӣ мо сиёсати созандагиву бунёдкоронаро ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум дар ҷомеаи нав, ҷомеаи озоди демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ ба пеш хоҳем бурд».
Аз таҷрибаи давлатдории кишварҳои олам, махсусан аз таҷрибаи давлатдориҳои тоҷикон бармеояд, ки мардум, пеш аз ҳама, муҳаббати хешро ба ватан маҳз тавассути рамзҳои он, аз ҷумла Парчам ифода мекунанд, аз ин рӯ, парчам ҳамчун рамзи давлатдорӣ баробар ба самимона дўст доштани Ватан, арҷ гузоштан ба муқаддасоти он ва эҳтиром ба ҳар ваҷаб замину ҳар қатра оби зулоли он аст.
Дар ин замина, боиси ифтихору сарфарозӣ аст, ки 30-юми августи соли 2011 бо иштироки Пешвои миллат маросими бардоштани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт рӯи пояи 165-метра, ки дар ҷаҳон баландтарин буда, ба Китоби рекордҳои Гиннес дохил шудааст, баргузор шуд.
Ҳамзамон, мояи шукргузорист, ки чун нишони эҳтирому арҷгузорӣ ба ин рамзи номусу ватандорӣ Парчами давлатӣ дар маркази шаҳри Норак низ парафшон аст. Имрӯз он мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди бонангу номуси шаҳрамон буда, майдонаш ба макони дӯстдоштаи сокинону меҳмонони шаҳри Норак мубаддал гардидааст, ки тамоми сокинони шаҳрро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлоли миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва ободию осудагии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад.
Ё ба таъбири дигар, бо шунидан ва ба забон овардани вожаҳои Ватан, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Забони давлатӣ, Президент ва марзу буми воҳиди Тоҷикистон касро беихтиёр ҳисси меҳанпарастию ифтихор аз Ватану ватандорӣ фаро мегирад ва чунин эҳсосоти гарм, махсусан дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистони азиз зери мавҷҳои Парчами давлатӣ боз ҳам фараҳбахшу гуворо ба ҷилва меоянд.
Ҳамдиёрони азиз!
Дар замони мо парчам ба ҷузъи асосии фаъолияти мақомоту сохторҳои давлатӣ, махсусан ба ҷузъи фаъолияти доимии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак табдил ёфтааст ва ягон гирдиҳамоӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, бозиҳо ва дигар чорабиниҳои мо бе истифодаи ин унсури давлатсоз сурат намегиранд.
Мояи сарфарозист, ки имрӯзҳо сокинони шарафманди шаҳри Норак сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, хуб дарк кардаанд, ки эҳтироми Парчами давлатӣ маънои арҷгузориву ифтихор ба давлат, ба гузаштаву имрӯз ва фардои халқи азизамон буда, омили муҳими таҳкими худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ мебошад. Бигзор, Парчами миллӣ дар Тоҷикистони азизу маҳбуби мо, бахусус дар маркази шаҳри Норак ҳамеша парафшон бошад ва мардуми моро дар зери шаҳомати хеш минбаъд низ барои расидан ба зиндагии шоиста муттаҳид намояд.
Рӯзи қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамдиёрони азиз!