
Дар Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак туҳфаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон— китоби безаволи “Шоҳнома” ба сокинон тақдим карда шуд.
Муовини раиси шаҳри Норак Фароғатзода Насиба зимни супоридани ин туҳфаи пурарзиш тазаккур дод, ки таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба эҳёи фарҳанг, арҷгузорӣ ба таърихи давлатдорӣ ва эҳёи худшиносии миллӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати фарҳангсолоронаи кишвар мебошад. “Шоҳнома” ҳамчун махзани ҳикмат, далерӣ, ҷавонмардӣ ва сабақи ватандорӣ барои забони тоҷикӣ ва ҳувияти миллӣ мақоми вижа дорад.
Қайд гардид, ки бо сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Пешвои миллат имрӯз мероси адабии ниёгон гиромӣ дошта мешавад ва ба наслҳои ҷавон ҳамчун сарчашмаи худшиносӣ пешниҳод мегардад. Тақдими ин китоб ба сокинони Ҷамоат рамзи эҳтироми олии давлат ба фарҳанг, илму маърифат ва баланд бардоштани сатҳи маънавии ҷомеа мебошад.
Дар навбати худ сокинони Ҷамоати деҳоти Пули-Сангин барои чунин таваҷҷуҳ ва туҳфаи арзишманд арзи сипос намуда, изҳор доштанд, ки минбаъд низ дар корҳои ободонӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии деҳаҳо саҳми худро гузошта, дар пешрафти кишвар содиқона хизмат хоҳанд кард.