
Имрӯз бо ифтихор изҳор менамоем, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ аз уҳдаи иҷрои рисолати таърихии худ дар назди давлат ва халқи Тоҷикистон бо сарбаландӣ баромаданд. Давлат ва мардуми Тоҷикистон дар симои хизматчиёни Қувваҳои Мусаллаҳ ҳомиёни боэътимод ва муҳофизони далеру шуҷои марзу буми Ватанро мебинанд. Ман ба ғайрату матонат, далериву шуҷоат ва ҳисси баланди миллии афсарону сарбозони бонангу номуси Ватан бовар дорам ва аз онҳо ифтихор мекунам. Эмомалӣ Раҳмон
Имсол аз таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи кишвар 33 сол пур мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бамаврид таъкид намудаанд, ки «ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори муқовимати мусаллаҳонаи дохилӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарзи фарзандии худро дар назди Ватан ва халқи Тоҷикистон содиқона иҷро карда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, яъне қатъи ҷангу хунрезӣ, таъмини сулҳу субот ва мубориза бар зидди гурўҳҳои экстремистиву террористӣ саҳми басо арзишманд гузоштанд».
Воқеан ҳам, Қувваҳои Мусаллаҳ бо вуҷуди мушкилоти зиёде, ки дар тўли солҳои аввали истиқлол дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар ҷой доштанд, тадриҷан ба як неруи тавонои ҳарбӣ табдил ёфтанд. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургтарин дастоварди замони соҳибистиқлолии кишвар ба шумор рафта, омили асосии нигоҳдории давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад.
Таърихи муосири халқи тоҷик шаҳодат медиҳад, ки Артиши Миллӣ дар шароити вазнини ҷанги шаҳрвандӣ таъсис ёфта, баъдтар ба сипари боэътимоди давлат табдил ёфт. Дар ҳар марҳилаи таърихии инкишоф артиш зина ба зина комилтар ва пуриқтидортар гардида, қобилияти ҳифозат ва нигаҳдории кишвар ва оромии ҷамъиятро ба худ касб намуд.
Маҳз Артиши миллӣ ба ҷониби қувваҳои даргир хотима гузошт, истиқлоли воқеии Тоҷикистони маҳбубро ҳифз намуд.
Бояд ёдовар шуд, ки дар таъсиси Артиши миллӣ саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят назаррас аст. Бо дастгириҳои пайвастаи роҳбари давлат як артиши номукаммали беяроқ дар муҳлати кӯтоҳтарин ба дарвозаи оҳанини давлат табдил ёфт, ки минбаъд намегузошт душманони нотавонбин ниятҳои ғаразноку нопоки хешро дар сарзамини аҷдодии миллати куҳанбунёди тоҷик амалӣ намоянд.
Дар сафи Қувваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аксрият ҷавонон буда, қувваи асосии пешбарандаи тамоми соҳаҳои ҷамъият мебошанд.
Дар Паёми худ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таърихи 26.01.2021 чунин иброз дошта буданд, ки “ҷавонони мо дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми бисёр арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад.”
Аз ин лиҳоз зарур аст, ки дар ҳама соҳаҳо кадрҳои хубу болаёқат бояд дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия карда шаванд, то барои рушду нумӯи кишвар ҳиссагузорӣ карда тавонанд.
Ҳамасола ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурӣ садҳо ҷовонон даъват гардида, дар қисмҳои ҳарбии минтақаҳои гуногуни мамлакат адои хизмат мекунанд. Дар ин муддат ҳомиёни ватанро дар рӯҳияи ватандӯстиву инсонгароӣ, мардонагиву шуҷоат, адолатнокиву қавииродагӣ тарбия намуда, барои ҳифзу нигаҳдории амнияти кишвар равона месозанд. Аскароне, ки сарҳади кишварро ҳифз мекунанд, бояд зираку ҳушёр ва бомасъулияту қавииродабошанд, зеро онҳо амнияти марзу буми кишварро таъмин менамоянд.
Ҳамин тариқ, сол аз сол шароит барои хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби давлату Ҳукумат беҳтар гардида истодааст. Сафарҳои кории Сардори давлат ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ки бештар бо боздид аз қисмҳои ҳарбӣ оғоз меёбад худ гувоҳи ғамхории Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати сарбозону афсарон мебошад.
Азамат ЗАЙНИДДИНОВ-муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак