ТАНТАНАИ ИҚБОЛ ДАР ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ

Facebook
Telegram
WhatsApp

Бегоҳи 3-сентябри соли 2026 дар майдони марказии шаҳри Норак ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар он раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағозода Абдуқаҳҳор, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони сохторҳои гуногуни шаҳр, фаъолон, собиқадорон, ҷавонон ва аҳли ҷомеа иштирок намуданд.

Пеш аз оғози чорабинӣ меҳмонон аз намоиши дастовардҳои шаҳри Норак дар даврони соҳибистиқлолӣ, таомҳои миллии тоҷикӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти дастии ҳунармандони шаҳр дидан намуданд. Дар гӯшаҳои намоишӣ маҳсули меҳнати сокинон, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои соҳаҳои гуногуни шаҳр ба маъраз гузошта шуда буданд.

Сараввал раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим суханронӣ намуда, сокинони шаҳр ва ҳозиринро ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуд.

Раиси шаҳри Норак таъкид намуд, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик дастоварди бузурги таърихӣ ва сарчашмаи рушди минбаъдаи кишвар ба ҳисоб рафта, маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуданд.

Гуфта шуд, ки бо роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ корҳои бузурги созандагию бунёдкорӣ амалӣ гардида, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва ташаббускор мавқеи арзандаи худро пайдо намуд.

Зикр гардид, ки шаҳри Норак низ дар даврони соҳибистиқлолӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, дар самти ободонӣ, рушди инфрасохтор, бунёду навсозии иншооти иҷтимоӣ, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии сокинон корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд.

Сипас, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағозода Абдуқаҳҳор суханронӣ намуда, сокинони шаҳри Норак ва ҳозиринро ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт

Дар идомаи чорабинӣ як қатор кормандон ва фаъолони шаҳр бо туҳфаҳои хотиравӣ ва Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак қадрдонӣ гардиданд.

Дар фарҷом барномаи рангини фарҳангӣ, ки аз ҷониби бахши фарҳанги шаҳри Норак омода гардида буд, пешкаши ҳозирин карда шуд.