
13 -уми ноябри соли ҷорӣ дар қасри Фарҳанги шаҳри Норак бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи идона доир шуд.
Дар чорабинии ҷашнӣ раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим Холмурод, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Саидзода, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Сафарзода иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҳамоишро раиси шаҳри Норак Иброҳим Мирзозода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро аз номи МИҲД-и шаҳри Норак ба муносибати ин рӯзи хуҷаста муборакбод кард.
Гуфта шуд, ки шурӯъ аз соли 2016 ҳамасола дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” рӯзи 16-уми ноябрро ҳамчун “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар тамоми гушаву канори ватан бо як шаҳомати хосе таҷлил мегардад. Интихоб гардидани рӯзи 16-ноябр ҳамчун “Рӯзи Президент” хусусиятҳои ба худ хосеро доро мебошад, ки маҳз санаи 16-ноябри соли 1994 шоҳкори беназири миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайянкунандаи ояндаи рушди Тоҷикистон дар марҳилаи нави муҳими давлатдорӣ дар назди халқу ватан савганд ёд намудаанд. Дар идома меҳмонон атрофи корномаҳои ҷовидонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар карда, сокинони шаҳрро ба ин муносибат шодбош гуфтанд.
Масъулин қайд намуданд, ки Сарвари кишвар нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, нисбат ба онҳо боварии зиёд доранд. Аз ин рӯ, бояд ҳамаи ҷавонон кӯшиши зиёд ба чунин бовариҳои Ҷаноби Олӣ намоянд.
Зикр шуд, ки вақте ки Пешвои миллат ҳастии миллат ва посдории фарҳанги миллии аҷдодиамонро ба ҷавонон боварӣ менамоянд пас, ҳар яки мо- ҷавонони бо нангу ори миллати тоҷик ҷонибдори сиёсати хирадмандона ва пешгирифтаи эшон, ки барои ободониву шукуфоии Ватан-Модар бахшида шудааст, бошем ва бо ҷону дил барои ободонии Ватанамон хизмат намоем. Таъкид гардид, ки моро месазад, ки ҳамасола ин ҷашни муҳиму саривақтиро бошукӯҳи хосае таҷлил намоем, чунки Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меъмори сулҳу ваҳдати сартосарӣ, оромиву субот, сарҷамъии миллат, қаҳрамони барҷастаи халқи тоҷик, на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҷаҳон урфу одат, забону фарҳанги миллати тоҷикро муаррифӣ намуда, дар бунёди низоми давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши бағоят боризу созгоре гузошта истодаанд. Дар охири чорабинӣ барномаи пурмӯҳтавои идонаи санъаткорони бахши фарҳанги шаҳри Норак манзур гардид, ки хотири ҳозиринро шод намуд.