ТАНТАНАҲОИ ҶАШНИ САДА ДАР ШАҲРИ НОРАК

Facebook
Telegram
WhatsApp

31-уми январ дар шаҳри Норак бахшида ба ҷашни куҳанбунёди миллиамон-Сада ҷамъомади идона баргузор гардид.

Дар он роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ва кормандони соҳаи маорифи шаҳр иштирок намуданд.

Муовини раиси шаҳри Норак Фароғатзода Насиба дар баромади худ таъкид намуд, ки сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат барои ҳифз ва рушди анъанаҳои миллӣ заминаи устувор фароҳам оварда, ҳисси худшиносӣ ва ифтихори миллиро дар ҷомеа боз ҳам тақвият мебахшад.

Зикр гардид, ки ҷашни Сада яке аз ойинҳои бостонии мардуми тоҷик буда, рамзи рӯшноӣ, гармӣ, заҳмати созанда ва пайванди инсон бо табиат мебошад. Эҳё ва таҷлили чунин ҷашнҳои миллӣ маҳз ба шарофати хидматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, имрӯз онҳо дар сатҳи давлатӣ бо шукӯҳ таҷлил карда мешаванд.

Дар ҷараёни чорабинӣ намоишҳои фарҳангӣ, пешниҳоди суннатҳои марбут ба ҷашни Сада ва барномаҳои идона баргузор гардида, ба чорабинӣ фазои шодиву нишот бахшиданд.

Чорабинии мазкур далели равшани эҳтироми сокинони шаҳри Норак ба мероси фарҳангии ниёгон ва арҷгузорӣ ба сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад, ки зери роҳбарии Пешвои миллат дар кишвар устуворона пойдор аст.