ТАҚДИМИ ЛИБОСҲОИ ЗИМИСТОНА БА КӮДАКОНИ НИЁЗМАНД

Facebook
Telegram
WhatsApp

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии иҷтимоии аҳолӣ, хусусан қишрҳои осебпазири ҷомеа, тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ба кӯдакони ятим ва ниёзманд либосҳои гарми зимистона тақдим карда шуд.

Зимни супоридани либосҳо раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим Холмурод таъкид намуд, ки ғамхорӣ нисбат ба ятимон, кӯдакони бепарастор ва оилаҳои ниёзманд яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Қайд карда шуд, ки чунин иқдомҳо на танҳо барои ҳифзи саломатии кӯдакон, балки барои фароҳам овардани муҳити гарми иҷтимоӣ ва таҳкими рӯҳияи инсонпарварӣ дар ҷомеа мусоидат менамоянд.

Ҳамзамон, зикр гардид, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Норак минбаъд низ ҷиҳати дастгирии иҷтимоии ятимон ва дигар табақаҳои ниёзманд тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

Дар навбати худ кӯдакон ва намояндагони муассисаҳои дахлдор барои таваҷҷуҳ ва ғамхориҳо изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, ин иқдомро пайравӣ ба ҳидоятҳои раҳнамунсози Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ карданд.

Ёдовар мешавем, ки иқдоми мазкур дар доираи тадбирҳои хайриявӣ ва иҷтимоӣ баргузор гардида, ба беҳтар намудани шароити зиндагии кӯдакон дар фасли сармо равона карда шудааст.