
12-уми августи соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак, дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти раиси шаҳр Мирзозода Иброҳим бо ятимон ва фарзандони оилаҳои ниёзманд баргузор гардид.
Ҳадафи вохӯрии мазкур, дар арафаи оғози соли нави таҳсили 2026–2027 дастгирии иҷтимоии ниёзмандон, фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсили наврасону ҷавонон ва расонидани кумаку ёрии моддӣ ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа мебошад.
Зимни суҳбати самимӣ раиси шаҳр наврасону хонандагонро ба муносибати оғози соли нави таҳсил табрик намуда, таъкид дошт, ки ғамхорӣ нисбат ба ятимону кӯдакони оилаҳои ниёзманд ва фароҳам овардани шароити муносиб барои таълиму тарбияи онҳо яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Таъкид гардид, ки таҳсилу донишомӯзӣ заминаи асосии пешрафти ҳар як шахс ва рушди ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, наврасон бояд аз имкониятҳои фароҳамгардида самаранок истифода намуда, бо баҳои хубу аъло таҳсил кунанд, соҳиби касбу ҳунар гарданд ва дар оянда ҳамчун ҷавонони соҳибмаърифат дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро гузоранд.
Дар идомаи мулоқот ба 55 нафар хонандаи дорои шароити маҳдуди иҷтимоӣ либосҳои мактабӣ тақдим гардида, ба онҳо барои оғози соли нави таҳсил кумакҳои зарурӣ расонида шуд.Қобили зикр аст, кидар доираи иду ҷашнҳо чунин тадбирҳои хайриявӣ ва дастгирии оилаҳои ниёзманд дар шаҳри Норак мунтазам роҳандозӣ карда мешавад.