Тақдими туҳфаҳои идона ба ятимону ниёзмандон дар арафаи Соли нав

Facebook
Telegram
WhatsApp

31-уми декабри соли 2025 дар ҳошияи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирӣ ва ғамхорӣ намудан нисбат ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа дар арафаи Соли нави мелодии 2026 раиси шаҳри Норак Иброҳим Мирзозода ба кӯдакони ятим ва имконияташон маҳдуд туфаҳои солинавӣ, либосҳои болопӯши зимистона тақдим кард.

Раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим зимни тақдими туҳфаҳо бо кӯдакон аз наздик суҳбат намуда, онҳоро ба муносибати Соли нави мелодии 2026 самимона шодбош намуд.

Таъкид карда шуд, ки кӯдакону наврасонро мебояд ба илмомӯзию забондонӣ диққати ҷиддӣ дода, ҳамчун фарзандони содиқи Ватан ва пайравони асили Пешвои муаззами миллат ташаккул ёбанд ва дар рушду нумӯи Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошанд.

Қобили зикр аст, ки ин кӯдакони бо ҳукми тақдир ятим монда таҳти ҳимоя ва ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар беҳтарин шароит фаъолият ва таҳсил менамоянд.