
15-уми майи соли ҷорӣ дар Қасри фарҳанги шаҳри Норак бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила чорабинии бошукӯҳи идона доир гардид, ки дар он раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим иштирок ва суханронӣ кард.
Нахуст, раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим ҳозиринро ба ифтихори Рӯзи байнамилалии оила таҳният гуфта, ба онҳо рӯзгори ободу осуда, саодати зиндагӣ ва маҷмӯи хушиҳои умрро таманно намуд.
Раиси шаҳр таъкид кард, ки тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханронии худ таъкид намудаанд: «Давлат дар доираи талаботи Конститутсия ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла ҳимояи оила, ҳифзи кӯдакони ятиму маъюб ва таҳсилу табобати шаҳрвандонро кафолат дода, оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад».
Иброз гардид, ки оила ва суннатҳои оиладорӣ дар ойинҳои мардумии тоҷик ба фарҳанг ва маърифати миллати куҳанбунёдамон асос ёфтаасту ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардида, мақсад аз таҷлили ин ҷашн устуворӣ, баланд бардоштани арзишҳои оилавӣ ва ҳалли мушкилоти мавҷудаи он мебошад. Зеро, беҳтарин арзишҳои инсонӣ аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оилаи солим ташаккул меёбад.
Гуфта шуд, ки оила ҳамчун унсури асосии ҷомеа аз қадимулайём ҳамеша нигаҳдорандаи беҳтарин арзишҳои инсонӣ, фарҳанг, маданият, идомати таърихии наслҳо ва омили мустаҳками инкишоф буду ҳаст ва мемонад.
Ҳамзамон, зимни баргузории чорабинӣ, таҳти барномаи рангоранги фарҳангӣ, бо ҳар як аъзои оилаи барӯманд суҳбати озод барпо карда шуда, масъалаҳои мубрами ҳаёти имрӯзи ҷомеа дар бунёди оилаи солим ва тарбияи насли ояндасоз, ҳалли дурусти он ба тарзи ҳаёт ва ҷараёни инкишофи худи инсон ва рушди ҷомеа баррасӣ карда шуданд.
Сипас, як қатор ҷавонон ва оилаҳои намунавӣ бо Сипосномаи МИҲД-и шаҳр сарфароз гардонида шуданд.
Дар идома аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр барномаи консертии идона пешниҳод шуд, ки боиси болидахотирии иширокчиён гардид.