
5-уми ноябри соли 2026 дар Қасри фарҳангии шаҳри Норак ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар он роҳбарияти шаҳри Норак, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, фаъолон, собиқадорони меҳнат ва сокинони касбу кори гуногуни шаҳр иштирок намуданд.
Нахуст, раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим ҳозиринро ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, оид ба аҳамияти таърихию сиёсии ин санади тақдирсоз ва нақши он дар бунёди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон андешаронӣ намуд.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ҳамчун санади тақдирсоз ва заминаи асосии ташаккули низоми давлатдории миллӣ мавқеи махсус дорад.
Қабули он барои муайян намудани самтҳои асосии рушди давлат, таҳкими истиқлолияти миллӣ, таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ заминаи устувор гузошт.Раиси шаҳр иброз дошт, ки Конститутсия на танҳо қонуни асосии давлат, балки таҷассумгари ормонҳои миллӣ, иродаи сиёсии мардум ва нишонаи соҳибихтиёрии давлат мебошад.

Маҳз дар асоси меъёрҳои он муносибатҳои муҳимми ҷамъиятӣ ба танзим дароварда шуда, фаъолияти мақомоти давлатӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандон ва асосҳои сохтори конститутсионии кишвар муайян гардидаанд.Дар идомаи суханронӣ раиси шаҳр аз хизматҳои таърихӣ ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таҳкими давлатдории миллӣ, барқарорсозии сулҳу субот, таъмини ваҳдати миллӣ ва баланд бардоштани мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ёдовар шуд.
Таъкид гардид, ки маҳз бо роҳбарӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар кишвар фазои сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ таъмин гардида, заминаҳои рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, бунёди иншооти муҳими давлатӣ, рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, энергетика ва роҳсозӣ тақвият ёфтанд. Ҳамзамон, дар ин давра барои таҳкими низоми ҳуқуқӣ, такмили қонунгузории миллӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ тадбирҳои муҳим амалӣ карда шуданд.
Дар ин замина, раиси шаҳр таъкид намуд, ки эҳтиром ба Конститутсия ва риояи талаботи он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар буда, ҳар як сокини шаҳр бояд дар таҳкими қонунияту тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ саҳми муносиб гузорад.
Дар фарҷоми суханронӣ раиси шаҳри Норак изҳори умедворӣ кард, ки ҳар як сокини шаҳр бо меҳнати содиқона, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва муҳаббати самимӣ ба Ватани азиз дар ободиву пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ва шаҳри Норак саҳми арзандаи худро мегузорад.
Пас аз суханронии раиси шаҳр барномаи рангини фарҳангӣ, ки аз ҷониби бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак омода гардида буд, пешкаши иштирокчиён гардонида шуд.