
5-уми марти соли равон дар Қасри фарҳанги шаҳри Норак ба ифтихори Рӯзи Модар чорабинии бошукӯҳи идона доир гардид, ки дар он раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар чорабинӣ бонувони собиқадори хизмати давлатӣ, фаъолзанони корхонаю муассисаҳо, омӯзгорон, кормандони соҳаҳои гуногун ва дигар занону модарони фаъоли шаҳр ширкат варзиданд.
Раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим зимни суханронии худ нахуст кулли модарону бонувон ва дар симои онҳо тамоми занону модарони шаҳри Норакро ба муносибати Рӯзи Модар самимона табрик намуд.
Гуфта шуд, ки имрӯзҳо занону бонувони мо дар ҳама соҳаҳои кишвар, аз ҷумла дар тамоми соҳаҳои шаҳри Норак фаъолияти назаррас доранд, ки ин ҳама аз таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷомеа мебошад.
Таъкид гардид, ки зан-модар сарчашмаи меҳру муҳаббат, рамзи садоқату покӣ ва неруи бузурги тарбиятгар дар ҷомеа мебошад.
– Воқеан ҳам, инсон дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ муҳаббате поку самимӣ ва беғаразтар аз муҳаббати модарро пайдо карда наметавонад. Аз ин лиҳоз, модар, на танҳо азизтарин шахс барои ҳар як фарзанд, балки гаронбаҳотарин сарвати ҳар як халқу миллат маҳсуб меёбад. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати кишвар мақому манзалати зан дар ҷомеа пайваста баланд гардида, барои фаъолият ва иштироки онҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа шароити мусоид фароҳам оварда шудааст,-иброз дошт раиси шаҳр.
Дар идома як қатор собиқадорони меҳнат ва фаъолзанони корхонаю муассисаҳо бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар анҷоми чорабинӣ барномаи фарҳангии ҷолиб, ки аз ҷониби ҳунармандон ва кормандони бахши фарҳанги шаҳри Норак омода гардида буд, пешкаши ҳозирин гардонида шуд.